Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Сел дар Рушон даҳҳо манзилро вайрон кардааст

Сел дар Рушон даҳҳо манзилро вайрон кардааст

Дар пайи фаромадани сел дар деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушони ноҳияи Рушон, даҳҳо хона зарар дидаанд. Мақомот мегӯянд, ки ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Тибқи иттилои мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ҳодиса рӯзи 20 июл бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо, рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи фаромадани сел дар деҳаи Баррушон 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 6 хона қисман ва 14 хона ба таври ҷузъӣ зарар дидааст.

Дар деҳаи Деҳрушон бошад 4 хонаи истиқоматӣ қисман ва 6 хона ба таври ҷузъӣ осеб дидааст. Дар умум, ба иттилои мақомот, дар ин ҳодиса ба 40 хонаи истиқоматӣ зарар ворид шудааст.

Мақомот мегӯянд, сокиноне, ки аз ин ҳодиса зарар дидаанд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд ва бо дастури ҳукумат, манзилҳои онҳо бунёд мешаванд.

Ҳаҷми пурраи хисороти селобҳои Рушон ҳанӯз муайян нашудааст ва ба гуфтаи мақомот, ҳар хонавода вобаста ба ҳаҷми зарар кӯмак дарёфт хоҳад кард.

Тоҷикистон имсол шоҳиди офатҳои табииӣ зиёд, аз ҷумла омадани сел, тармафароӣ ва шамоли сахт шуд.

Фақат дар моҳи май камаш 4 нафарро дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ҳалок кард ва панҷ каси дигарро захмӣ шуданд.

Ҳодисаҳои нохуши табиӣ дар шаш моҳи аввали имсол ба иқтисоди Тоҷикистон 52,8 миллион сомонӣ ё 5,7 миллион доллар зарар расондааст.

Ба гуфтаи мақомот, аз ҳама бештар сел, тармафароӣ ва шамолҳои сахт ба иқтисодиёт ва молу мулки аҳолӣ зарар расонд.

Ҳалокати 21 нафар дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон

Ҳалокати 21 нафар дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон..

Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар корхонаю идораҳои Тоҷикистон, ки дар пайи куштаву захмӣ дошт, мунҷар ба...

Фасодзадатарин сохтори Тоҷикистон кадом аст?: Посухи мақомот

Фасодзадатарин сохтори Тоҷикистон кадом аст?: Посухи мақомот..

Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон беш аз 330 миллион...

Арзиева Саломат, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Ҳисор, зимни машғул шудан ба фолбинӣ аз ҷониби кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсияи пойтахт дастгир карда шуд.

Арзиева Саломат, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Ҳисор, зимни..

Арзиева Саломат, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Ҳисор, зимни машғул шудан ба фолбинӣ аз ҷониби...

Дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ шаҳрванд Кузнесов Артур, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ шаҳрванд Кузнесов Артур, сокини..

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1...

Роҳгузарон духтари ҳафтсоларо аз одамрабо наҷот доданд.

Роҳгузарон духтари ҳафтсоларо аз одамрабо наҷот доданд...

Гумонбар пеш аз ҳамла муддате оиларо таъқиб мекард....

Комментарии (0)