DataLife Engine / Сел дар Рушон даҳҳо манзилро вайрон кардааст

Сел дар Рушон даҳҳо манзилро вайрон кардааст

Дар пайи фаромадани сел дар деҳаҳои Баррушон ва Деҳрушони ноҳияи Рушон, даҳҳо хона зарар дидаанд. Мақомот мегӯянд, ки ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Тибқи иттилои мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ҳодиса рӯзи 20 июл бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо, рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи фаромадани сел дар деҳаи Баррушон 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 6 хона қисман ва 14 хона ба таври ҷузъӣ зарар дидааст.

Дар деҳаи Деҳрушон бошад 4 хонаи истиқоматӣ қисман ва 6 хона ба таври ҷузъӣ осеб дидааст. Дар умум, ба иттилои мақомот, дар ин ҳодиса ба 40 хонаи истиқоматӣ зарар ворид шудааст.

Мақомот мегӯянд, сокиноне, ки аз ин ҳодиса зарар дидаанд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд ва бо дастури ҳукумат, манзилҳои онҳо бунёд мешаванд.

Ҳаҷми пурраи хисороти селобҳои Рушон ҳанӯз муайян нашудааст ва ба гуфтаи мақомот, ҳар хонавода вобаста ба ҳаҷми зарар кӯмак дарёфт хоҳад кард.

Тоҷикистон имсол шоҳиди офатҳои табииӣ зиёд, аз ҷумла омадани сел, тармафароӣ ва шамоли сахт шуд.

Фақат дар моҳи май камаш 4 нафарро дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ҳалок кард ва панҷ каси дигарро захмӣ шуданд.

Ҳодисаҳои нохуши табиӣ дар шаш моҳи аввали имсол ба иқтисоди Тоҷикистон 52,8 миллион сомонӣ ё 5,7 миллион доллар зарар расондааст.

Ба гуфтаи мақомот, аз ҳама бештар сел, тармафароӣ ва шамолҳои сахт ба иқтисодиёт ва молу мулки аҳолӣ зарар расонд.

Сегодня, 11:12
Вернуться назад