Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Афзоиши назарраси тиҷорати Тоҷикистон бо Русия

Афзоиши назарраси тиҷорати Тоҷикистон бо Русия

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон савдои хориҷии Тоҷикистон дар шаша моҳи соли равон ба 6,8 млрд доллар арсид
Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода панҷяки савдои хориҷии Тоҷикистон ба Русия рост меояд.
“Гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 23% афзуда, ба беш аз 1,3 млрд доллар баробар шудааст”, - қайд кард, Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ.
Вай илова кард, ки дар савдои хориҷии Тоҷикистон Русия бо тақрибан 20% дар ҷои дуюм қарор дошта, зинаи аввалро Чин бо 26% гирифтааст.
Бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Чин мебошад, ки додугирифт бо ин кишвар 25,9% аз ҳаҷми воридоти Тоҷикистонро ташкил додааст. Баъд аз он Русия бо 23,7% қарор гирифтааст.
Бояд қайд кард, ки то соли гузашта Русия дар радифи аввали кишварҳое, қарор дошт, ки бо Тоҷикистон додугирифти тиҷоратӣ доранд.
Ба иттилои вазорати рушди иқтисод дар моҳҳои январ-июни соли 2026 гардиши савдои хориҷӣ 6,8 мдрд долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 44,2% ё беш аз 2 млрд. доллар афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра содирот ба 1,5 млрд. доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 65,4% ё 624,7 млн. доллар афзоиш ёфтааст.
Аз Тоҷикистон дар ин давра бештар фулузоти гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо– 517 млн доллар (32,7%), маъданҳо – 451,7 млн доллар (29%), сурма – 144,3 млн доллар (9,1%), алюминий – 116,6 млн доллар (7,4%), нахи пахта – 47,1 млн. доллар (4,7%), мис маҳсулот аз он 40,7 млн доллар(2,6%).
Маҳсулоти Тоҷикистон ба самти Суис (Швейтсария) (32,2%) ва Чин (26,8%) мебошанд. Дар идома Туркия — 7,7%, Ӯзбекистон — 6,9%, Белжик — 4,8%, Русия — 4,6%, Ҳоланд — 4,3%, Қазоқистон — 3,6%, Эрон — 3,1% ва Афғонистон — 2,6% равон шудааст.
Воридоти мол бошад дар моҳҳои январ-июни соли 2026-ум 5,2 млрд долларро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2025-ум 38,8% ё 1,4 млрд. доллар зиёд гардидааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ, ба Тоҷикистон бештар мошин – 611,9 млн доллар (11,7%), фулузоти гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо– 512,7 млн доллар (9,8%), маҳсулоти нафтӣ ва сӯзишворӣ – 494,7 млн доллар (9,4%), металлҳои сиёҳ– 457,9 млн доллар (8,7%) ва таҷҳизоти фанноварӣ – 457,6 млн доллар (8,7%) ворид шудааст.
Ҳамчунин, ба маблағи 851,1 млн доллар (16,2%) маҳсулоти хӯрока ворид шудааст, ки дар сафи пеш гандум ва ғалладонагиҳо қарор дорад, ки бо арзиши 171,6 млн доллар харидорӣ шудааст.

Тоҷикистон аз Кореяи Шимолӣ ёрии башардӯстона гирифтааст

Тоҷикистон аз Кореяи Шимолӣ ёрии башардӯстона гирифтааст..

Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон аз 19 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла аз Кореяи Шимолӣ ёриҳои...

НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ МАЪЛУМ ШУД

НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ..

НАРХИ ГУЗАШТАН АЗ ТАШХИСИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ МАЪЛУМ ШУД...

Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!

Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!..

Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!...

Тоҷикистон ният дорад чархаи сеюми НБО Роғунро соли 2027 ба кор дарорад

Тоҷикистон ният дорад чархаи сеюми НБО Роғунро соли 2027 ба кор..

Мутахассисони Оҷонсии байналмилалии рейтингии S&P Global Ratings эълон кардаанд, ки чархаи сеюми...

Вазорат: Тоҷикистон метавонад солона ба Русия то 10 ҳазор тонна зардолу содир кунад

Вазорат: Тоҷикистон метавонад солона ба Русия то 10 ҳазор тонна..

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҷумҳурӣ имкон дорад содироти меваҳои тару тоза ва...

Комментарии (0)