Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон савдои хориҷии Тоҷикистон дар шаша моҳи соли равон ба 6,8 млрд доллар арсид
Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода панҷяки савдои хориҷии Тоҷикистон ба Русия рост меояд.
“Гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 23% афзуда, ба беш аз 1,3 млрд доллар баробар шудааст”, - қайд кард, Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ.
Вай илова кард, ки дар савдои хориҷии Тоҷикистон Русия бо тақрибан 20% дар ҷои дуюм қарор дошта, зинаи аввалро Чин бо 26% гирифтааст.
Бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Чин мебошад, ки додугирифт бо ин кишвар 25,9% аз ҳаҷми воридоти Тоҷикистонро ташкил додааст. Баъд аз он Русия бо 23,7% қарор гирифтааст.
Бояд қайд кард, ки то соли гузашта Русия дар радифи аввали кишварҳое, қарор дошт, ки бо Тоҷикистон додугирифти тиҷоратӣ доранд.
Ба иттилои вазорати рушди иқтисод дар моҳҳои январ-июни соли 2026 гардиши савдои хориҷӣ 6,8 мдрд долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 44,2% ё беш аз 2 млрд. доллар афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра содирот ба 1,5 млрд. доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 65,4% ё 624,7 млн. доллар афзоиш ёфтааст.
Аз Тоҷикистон дар ин давра бештар фулузоти гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо– 517 млн доллар (32,7%), маъданҳо – 451,7 млн доллар (29%), сурма – 144,3 млн доллар (9,1%), алюминий – 116,6 млн доллар (7,4%), нахи пахта – 47,1 млн. доллар (4,7%), мис маҳсулот аз он 40,7 млн доллар(2,6%).
Маҳсулоти Тоҷикистон ба самти Суис (Швейтсария) (32,2%) ва Чин (26,8%) мебошанд. Дар идома Туркия — 7,7%, Ӯзбекистон — 6,9%, Белжик — 4,8%, Русия — 4,6%, Ҳоланд — 4,3%, Қазоқистон — 3,6%, Эрон — 3,1% ва Афғонистон — 2,6% равон шудааст.
Воридоти мол бошад дар моҳҳои январ-июни соли 2026-ум 5,2 млрд долларро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2025-ум 38,8% ё 1,4 млрд. доллар зиёд гардидааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ, ба Тоҷикистон бештар мошин – 611,9 млн доллар (11,7%), фулузоти гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо– 512,7 млн доллар (9,8%), маҳсулоти нафтӣ ва сӯзишворӣ – 494,7 млн доллар (9,4%), металлҳои сиёҳ– 457,9 млн доллар (8,7%) ва таҷҳизоти фанноварӣ – 457,6 млн доллар (8,7%) ворид шудааст.
Ҳамчунин, ба маблағи 851,1 млн доллар (16,2%) маҳсулоти хӯрока ворид шудааст, ки дар сафи пеш гандум ва ғалладонагиҳо қарор дорад, ки бо арзиши 171,6 млн доллар харидорӣ шудааст.