Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 17 қочоқбар кушта шудаанд

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 17 қочоқбар кушта шудаанд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали имсол неруҳои қудратии кишвар бо қочоқбарони афғонистонӣ 7 маротиба задухӯрд карда, 17 қочоқбарро "безарар кардаан". куштаанд.

Зафар Самад, раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовар 13-уми июл зимни нишасте дар Душанбе гуфт, дар ним сол дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон 1 тоннаю 513 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст.

"Таҳлилу арзёбии маълумоти воридгардида аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Афғонистон кишт, коркард ва истеҳсоли маводи нашъаовар, аз ҷумла моддаҳои психотропии синтетикӣ зина ба зина афзоиш ёфта, махфигоҳҳо ва лабораторияҳои истеҳсолӣ то ҳол фаъолият менамоянд", -гуфтанд дар Оҷонсии маводи нашъаовар.

Раиси Оҷонсӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфт, баъди бозгашти Толибон ба қудрат, кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон бештар шудааст. Ин дар ҳолест, ки намояндагони Толибон иддао дооанд, ки дар тӯли ҳукуматдории онҳо кишту истеҳсоли маводи мухаддир, баръакс, кам шудааст.

Раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, дар мавзӯи мубориза бо маводи мухаддир бо ҳукумати Толибон ягон гуфтугӯ надоранд.

"Тоҷикистон яке аз кишварҳои транзитии воситаи нашъадор ва моддаҳои психотропии синтетикӣ дар самти Масири Шимолӣ боқӣ мемонад," – афзуд директори Оҷонсӣ.

Дар нишасти хабарии Оҷонсии назорати маводи нашъаовар аз он нигаронӣ карданд, ки дар Афғонистон истеҳсоли метамфетамин зиёд шудааст. Як намояндаи Оҷонсӣ гуфт, 72 килограм маводи метамфетамин, ки дар ним сол мусодира шуд, ҳамааш аз Афғонистон оварда шудааст.

Дар марзи тӯлонӣ ва назораташ гоҳе душвори Тоҷикистон бо Афғонистон зуд-зуд задухӯрд рух медиҳад. Мақомот аксари онҳоро "узви гурӯҳҳои террористӣ" ва "қочоқбари маводи мухаддир" меноманд. Тасдиқи мустақилонаи он аз манобеи дигар имконпазир нест.

Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!

Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!..

Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!...

Тоҷикистон ба мардуми осебдида дар Эрон кумак фиристодааст

Тоҷикистон ба мардуми осебдида дар Эрон кумак фиристодааст..

Тоҷикистон барои кумак ба мардуми осебдида дар Эрон дар 110 мошин ёрии башардӯстона фиристодааст....

Дар бораи нақшаҳои террористони "Крокус" барои ҳамла Ба Шаҳри Москва маълумот пайдо шуд

Дар бораи нақшаҳои террористони "Крокус" барои ҳамла Ба..

Дар аввал, куратори пешбинишуда ҳамчун ҳадаф барои ташкили ҳамла маҳз яке аз бурҷҳои маркази тиҷоратиро...

Бӯҳрони режими саҳюнистӣ | вазъи Ҷаҳонии Исроил дар ҳолати таърихан бадтарин; Огоҳии нависандаи исроилӣ

Бӯҳрони режими саҳюнистӣ | вазъи Ҷаҳонии Исроил дар ҳолати таърихан..

Нависанда Ва фаъоли исроилӣ Ҳейн Мазиг изҳор дошт, ки симои ҷаҳонии режими саҳюнистӣ аз замони...

Путин Ва Трамп гуфтугӯи телефонӣ карданд

Путин Ва Трамп гуфтугӯи телефонӣ карданд..

Президенти РУСИЯ Владимир Путин бо ҳамтои амрикоии Худ Доналд Трамп сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. ДАР ин...

Русия гумонбар мешавад, ки Ба эрон дар ҳамла ба ИНШООТИ CIA кӯмак кардааст

Русия гумонбар мешавад, ки Ба эрон дар ҳамла ба ИНШООТИ CIA кӯмак..

Русия гумонбар мешавад, ки Ба эрон дар ҳамла ба ИНШООТИ CIA кӯмак кардааст. Дар Ин Бора Reuters хабар...

Комментарии (0)