Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Тоҷикистон тиҷораташро бо кишварҳои ИДМ коҳиш додааст

Тоҷикистон тиҷораташро бо кишварҳои ИДМ коҳиш додааст
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ дар панҷ моҳи соли равон ба маротиб афзоиш ёфта наздик ба 6 млрд доллар расид
Дар моҳҳои январ–майи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба 5,7 млрд доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 48,5% ё 1,8 млрд доллар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ин давра Тоҷикистон бо 121 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 10 кишвари ИДМ ва 111 кишвари хориҷи додугирифт кардааст.
Қайд карда шудааст, ки аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 38,4;% ба кишварҳои ИДМ ва 61,6% ба кишварҳои хориҷи дур рост омадааст.
Агентӣ таъкид кардааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарин дар ин давра афзоиши назарраси ҳаҷми содирот мебошад, ки давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи 1,3 млрд доллар мол содир намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 79,4% ё 619,7 миллион доллар зиёд мебошад.
Суръати афзоиши содирот нисбат ба воридот баландтар арзёбӣ мегардад, ки ин аз тақвият ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва болоравии рақобатпазирии масҳулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ шаҳодат медиҳад”, - қайд кардааст Агентии омор.
Ҳамчунин ин ниҳод хабар додааст, ки ҳаҷми воридоти мол ба ҷумҳурӣ 4,3 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 40,8% ё 1,2 млрд доллар зиёд мебошад.
Тибқи таҳлилҳо дар сохтори содироти Тоҷикистон Швейтсария бо саҳми 36,3% мавқеи аввалро ишғол намуда, баъдан Чин (25,7%), Туркия (7,6%), Узбекистон (6%), Белгия (5%), Русия (4,2%), Нидерланд (3,7%), Қазоқистон (3,4%) ва Эрон (2,9%) қарор доранд.
Қайд карда шудааст, ки маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар бозорҳои Аврупо ва Осиё талаботи бештар пайдо кардааст.
Дар бахши воридот бошад, шарикони асосии кишвар Чин ва Русия бо саҳми мутаносибан 24,7% ва 24% мебошанд. Ҳамчунин ҳиссаи назарраси воридот ба Қазоқистон (13,8 %), Швейтсария (11,6%), Узбекистон (4,2%) ва Эрон (3,9%) рост меояд.
Ин ниҳод зикр кардааст, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои савдо бо як қатор кишварҳо ба тавозуни мусбат доштааст. Аз ҷумла, ҳаҷми содирот нисбат ба воридот бо Белгия ба маблағи 67,9 млн доллар, бо Нидерланд 42,1 млн доллар ва бо Туркия 24,4 млн доллар бештар гардидаааст.
Агентии содирот қайд кардааст, ки нишнодиҳандаҳои мазкур аз рушди устувори фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Ҷеф Безос гуруснагии кадрҳоро аз САБАБИ AI пешгӯӣ кард

Ҷеф Безос гуруснагии кадрҳоро аз САБАБИ AI пешгӯӣ кард..

Мутахассисони маълумот, копирайтерҳои асосӣ, барномасозони хурд ва кормандони хадамоти дастгирӣ зери...

Тиҷорати Тоҷикистону Чин ба марзи 3 миллиард доллар расидааст

Тиҷорати Тоҷикистону Чин ба марзи 3 миллиард доллар расидааст..

Рӯзи 18-уми сентябр мақомоти Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорат байни ду кишварро баррасӣ...

Иссокомиссар: Ба Украина сарфи назар аз ветои Маҷористон 90 миллиард евро қарз дода мешавад

Иссокомиссар: Ба Украина сарфи назар аз ветои Маҷористон 90 миллиард..

Пештар Иттиҳоди Аврупо ҳамеша тавонист бо Маҷористон мувофиқа кунад, Гуфт комиссари аврупо...

Бо зарбаҳо ба НПЗ-и русия, Украина кӯшиш мекунад, Ки Осиеи Марказиро оташ занад

Бо зарбаҳо ба НПЗ-и русия, Украина кӯшиш мекунад, Ки Осиеи Марказиро..

Зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба Корхонаи Коркарди Нафти Омск — бузургтарин Дар Русия — мавҷи...

Дар Олмон дар Соли 2025 қариб 190 ҳазор ширкат баста шуданд

Дар Олмон дар Соли 2025 қариб 190 ҳазор ширкат баста шуданд..

Дар Олмон Дар Соли 2025 187,744 ширкат баста шуданд, ки ин баландтарин дар тақрибан 20 сол буд. Дар ин...

Тоҷикистону Беларус ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт ва логистика тақвият медиҳанд

Тоҷикистону Беларус ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт ва логистика..

Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия...

Комментарии (0)