Ба асоси дурнамо, ҷумҳурӣ қасд дорад, ки дар соли 2028 воридотро ба 1,6 млн ва дар соли 2029 ба 1,7 млн тонна расонад ва хароҷот низ беш аз 1,2 млрд доллар пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik.Тоҷикистон нақша дорад, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷро афзоиш диҳад.
Бо ин мақсад, ҷумҳурӣ дар соли оянда беш аз 1,1 млрд долларро харҷи хариди маҳсулоти нафтӣ аз хориҷа карданист.
Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ барои соли оянда беш аз 1,5 млн тонна муқаррар шудааст, бармеояд аз дурнамои тасдиқкардаи ҳукумати Тоҷикистон.
Ин нишондод нисбат ба соли 2026 аз 100 ҳазор тонна бештар аст.
Ба асоси дурнамо, ҷумҳурӣ қасд дорад, ки дар соли 2028 воридотро ба 1,6 млн ва дар соли 2029 ба 1,7 млн тонна расонад ва хароҷот низ беш аз 1,2 млрд доллар пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба ҷумҳурӣ 599,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.
Хароҷоти кишвар барои воридот дар шаш моҳ 494,7 млн доллар будааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35,9 ҳазор тонна зиёд будаааст.
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Русия 91,1%, Белорус 2,8%, Туркманистон 1,9%, Қазоқистон 1%, Узбекистон 0,9%з, Қирғизистон 0,9% ва боқимонда 1,5 фоиз ба дигар давлатҳои хориҷи дур рост меояд.
Тибқи додаҳо соли 2025 ба ҷумҳурӣ 1,2 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 959,3 млн доллар бо нархи миёнаи 791 доллар ворид гардидааст
Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли пешӣ 162 ҳазор тонна зиёд буда.