Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Ҳалокати 21 нафар дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон

Ҳалокати 21 нафар дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон
Рух додани ҳодисаҳои нохуш дар корхонаю идораҳои Тоҷикистон, ки дар пайи куштаву захмӣ дошт, мунҷар ба ҷазои раҳбарон барои бемасъулиятӣ шудааст
Дар Тоҷикистон барои роҳ додан ба камбудиҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 65 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷазо гирифтаанд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуоти Ардашер Мирзозода, муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои вай, ин ниҳод ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 24 ҳолати вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор намуданд.
“Дар давраи ҳисоботӣ 65 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи умумии 225 ҳазору 270 сомонӣ ҷарима карда шуданд”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон вай илова кард, ки дар пайи рух додани 32 ҳодисаи нохуш, барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо 2 корхона, 33 мансабдор ва 13 масъул дар умум ба маблағи 153 ҳазору 960 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Дар пайи 32 ҳодисаи нохуше, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории кишвар рух додааст, 21 нафар ҷон бохта, 19 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд”, -гуфт ӯ.
Қайд карда шуд, ки миёни ҷонбохтаҳо ду нафар шаҳрванди Чин ва як каси дигар шаҳрванди Эрон будааст. Миёни захмиён низ ду хориҷӣ – як шаҳрванди Чин ва як шаҳрванди Русия қарор доштаанд.
Мақомдори тоҷик сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои нохушро дар бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ, вайрон намудани технологияи коркарди конҳо, инчунин норасоии мутахассисони соҳибихтисоси соҳа медонад.
Ҳумоюни Муродалӣ, соли таваллудаш 1990, дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Ҳумоюни Муродалӣ, соли таваллудаш 1990, дар содир намудани шумораи..

Ҳумоюни Муродалӣ, соли таваллудаш 1990, дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои қаллобӣ гумонбар...

Русия гумонбар мешавад, ки Ба эрон дар ҳамла ба ИНШООТИ CIA кӯмак кардааст

Русия гумонбар мешавад, ки Ба эрон дар ҳамла ба ИНШООТИ CIA кӯмак..

Русия гумонбар мешавад, ки Ба эрон дар ҳамла ба ИНШООТИ CIA кӯмак кардааст. Дар Ин Бора Reuters хабар...

Росатом: БА НЕРӮГОҲИ Барқии АТОМӢ дар Бушер зарба зада, эвакуатсияи кормандони русия омода мешавад

Росатом: БА НЕРӮГОҲИ Барқии АТОМӢ дар Бушер зарба зада, эвакуатсияи..

Нерӯгоҳи барқи атомии эрон дар Бушер мавриди зарба қарор гирифт снаряд ба ҚАЛАМРАВИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ...

Гузоришҳо аз кушта шудани як зани тоҷик дар Афғонистон

Гузоришҳо аз кушта шудани як зани тоҷик дар Афғонистон..

Як зани пизишк аз Тоҷикистон дар вилояти Кундузи Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора телевизиони...

The New York Times дар бораи захмҳои раҳбари Нави Эрон дар рӯзи аввали ҷанг бо ИМА хабар дод. Дар Теҳрон гуфтанд, ки ӯ "солим"аст

The New York Times дар бораи захмҳои раҳбари Нави Эрон дар рӯзи..

Раҳбари нави Олии Эрон Муҷтабо Хоманаӣ дар рӯзи аввали ҷанг аз пой захмӣ шуд ва аз ин рӯ, аз замони...

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида мешаванд

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида..

Фаронсавӣ аз тарси паҳншавии хантавирус ба дорухонаҳо барои харидани ниқобҳои тиббӣ шитофтанд, хабар...

Комментарии (0)