Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Мақомот гуфт маоши камтарину баландатринро дар Тоҷикистон кӣ мегирад

Мақомот гуфт маоши камтарину баландатринро дар Тоҷикистон кӣ мегирад
Агентии омори Тоҷикистон моҳи апрели соли 2026 музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар кишвар афзоиш ёфтааст
Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохта шудааст, дар моҳи апрели соли 2026-ум 3262 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи марти соли 2026–ум 2,7% кам ва нисбат ба моҳи апрели соли 2025-ум 20,3% зиёд шудааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод музди ҳадди ақал дар ҳудуди кишвар 1000 сомониро ташкил медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат дар моҳи апрели соли 2026 нисбат ба моҳи марти соли 2026-ум 3,3% кам ва нисбат ба моҳи апрели соли 2025-ум 16,1% зиёд шудааст.
Ба иттилои агентии омори кишвар музди меҳнати камтарин дар моҳи апрели соли 2026 миёни кормандони кишоварзӣ, хоҷагии ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ (1524,13 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Музди меҳнати аз ҳама баланд дар соҳаи таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво (5739 сомонӣ), истихроҷи канданиҳои фоиданок (5155 сомонӣ), сохтмон (3969 сомонӣ), саноати коркард (3165 сомонӣ) ва дар соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа (2025 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Умуман ба иттилои ин ниҳод, дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар моҳи апрели соли 2026-ум 3482 сомониро ташкил дод ва нисбат ба моҳи апрели соли 2025-ум 19,4% зиёд шудааст.
ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ ОЗОД АСТ? МУҲИМТАРИН НУКОТ ДАР БОРАИ ЗАКОТ

ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ..

ЗАКОТ БА КӢ ФАРЗ АСТ, ОНРО БОЯД БА КИҲО ДОД ВА КӢ АЗ ИН САДАҚАИ ҲАТМӢ ОЗОД АСТ? МУҲИМТАРИН НУКОТ ДАР...

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД..

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД...

Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Кишваров Кишвар, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Кишваров Кишвар,..

Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Кишваров Кишвар, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе,...

Иқтисоди Тоҷикистон аз замони истиқлолият 13 маротиба афзоиш ёфтааст

Иқтисоди Тоҷикистон аз замони истиқлолият 13 маротиба афзоиш ёфтааст..

Афзоиши миёнаи солонаи ММД-и Тоҷикистон 7,6%-ро ташкил додааст....

Кишварҳои Осие метавонанд пас аз се ҳафта бидуни нафт бимонанд

Кишварҳои Осие метавонанд пас аз се ҳафта бидуни нафт бимонанд..

Бо сабаби ҷанг дар Эрон, Кишварҳои Ассотсиатсияи Осиеи Ҷанубу Шарқӣ эътимоди ХУДРО ба ИМА зуд гум...

Боздошти як ҷавон дар Душанбе бо гумони қаллобӣ дар назди “Маркази сершуғли муҳоҷират”

Боздошти як ҷавон дар Душанбе бо гумони қаллобӣ дар назди “Маркази..

Боздошти як ҷавон дар Душанбе бо гумони қаллобӣ дар назди “Маркази сершуғли муҳоҷират”...

Комментарии (0)