Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

ФОЛБИНҲО ҲАМРОҲИ МУШТАРИЁНАШОН ДАСТГИР ШУДАНД

ФОЛБИНҲО ҲАМРОҲИ МУШТАРИЁНАШОН ДАСТГИР ШУДАНД
ФОЛБИНҲО ҲАМРОҲИ МУШТАРИЁНАШОН ДАСТГИР ШУДАНД ⤵️
Дар баробари фолбину сеҳргар мизоҷон низ ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шуданд!
Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, мутаассифона боз ҳастанд нафароне, ки дидаву дониста даст ба фолбиниву ҷодугарӣ мезананд.
Кормандони мақомоти милитсияи ноҳияҳои Вахш ва Қубодиён дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Холбоева Нуринисо Гулбоевна соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Пешқадами ноҳияи Вахш ва Мамаражабова Турсунтош Пардаалиевна соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Қубодиёнро барои машғул шудан ба сеҳргариву ҷодугарӣ дастгир намуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон муддатест дар манзилҳои истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, ба амалҳои фолбиниву сеҳргарӣ машғул будаанд.
Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии ин нафарон расмҳои шаҳрвандон ва як қатор ашё ва предметҳое, ки барои сеҳргариву фолбинӣ, истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд.
Таассуфовараш он аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам ба амалҳои мардумфиребонаи чунин афрод бовар намуда, бо мақсади амалӣ сохтани ҳар гуна нақшаву ниятҳои худ ба фолбину ҷодугарон муроҷиат намуда, боиси аз байн нарафтани ин амали номатлуб гардидаанд.
Аз ҷумла, ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки 4-нафар шаҳрвандони кӯтоҳандеш барои иҷрои амалҳои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ба назди шаҳрвандон Холбоева Нуринисо ва Мамадраҷабова Турсунтош омадаанд. Ин нафарон:
Саидова Файзинисо Исмоиловна соли тавалудаш 1993, сокини деҳаи Пешқадами ноҳияи Вахш;
Қарабоева Парвина Романовна соли таваллудаш 2002, сокини деҳаи Пешқадами ноҳияи Вахш; Ашурова Холдан Мансуровна соли таваллудаш 1958, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Қубодиён;
Қурбонова Сарвиноз Атабуллоевна соли таваллудаш 1999, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Қубодиён.
Муайян карда шуд, ки ашхоси фолбину ҷодугар дар асл ягон хел маълумоти тиббию динӣ надорад ва бо роҳи фиреб, ки гӯё аз илми ғайб воқифанд ба дилгармиву табобат дастрасӣ дорад, мардумони соддаву зудбоварро ба доми фиреби худ кашидаву маблағҳои пулӣ мегиранд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Холбоева Нуринисо ва Мамадраҷабова Турсунтош тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати мизоҷонашон Саидова Ф.И , Қарабоева П.Р. Ашурова Х. М.ва Қурбонова С.А бо моддаи 482 иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
Бо қарори Суди нисбати Холбоева Н.Г дар ҳаҷми 6240 сомонӣ ва нисбати Мамадраҷабова Т. дар ҳаҷми 7800 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Ҳамчунин нисбати мизоҷони фолбинҳо Саидова Ф.И, Қарабоева П.Р, Ашурова Х. М.ва Қурбонова С.А дар ҳаҷми 3950 сомонӣ аз ҳар кадом ҷарима ситонида шуд.
Бо назардошти ин ҳолатҳо Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки ба назди чунин афроди ба ном фолбину ҷодугар нарванду ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!

Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!..

Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ — ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!...

Эрон ВА ИМА дар пасманзари маросими видоъ Бо Алӣ Хоманаӣ табодули зарбаҳо карданд

Эрон ВА ИМА дар пасманзари маросими видоъ Бо Алӣ Хоманаӣ табодули..

Пештар Доналд Трамп изҳор дошт, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар вақти дафн як ҳафта дар...

Боздошти ду корманди пулис бо иттиҳоми қаллобӣ дар Хатлон

Боздошти ду корманди пулис бо иттиҳоми қаллобӣ дар Хатлон..

Дар ду соли охир беш аз ҳазор кас дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ҷон бохта, қариб се...

Мӯҳлати интихоби раҳбари олии Эрон ҳанӯз муайян нашудааст

Мӯҳлати интихоби раҳбари олии Эрон ҳанӯз муайян нашудааст..

Дар Эрон ҳанӯз мӯҳлати интихоби раҳбари нави олӣ муайян нашудааст. Дар ИН бора узви шӯрои коршиносон,...

Мард як яхмосро бо найза кушт ва сарашро дуздид

Мард як яхмосро бо найза кушт ва сарашро дуздид..

Полис ҷинояткорро бо сари кушташуда дар ошхона пайдо кард. В индийском штате Уттар-Прадеш мужчина...

Тирпарронӣ дар Мактаби Таиланд: шаш нафар кушта ва зиеда аз 10 нафар захмӣ шуданд

Тирпарронӣ дар Мактаби Таиланд: шаш нафар кушта ва зиеда аз 10 нафар..

Дар натиҷаи тирпарронӣ, ки субҳи ҳафтуми август дар Мактаби Таиланд рух дод, шаш нафар – се омӯзгор ва...

Комментарии (0)