Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Ояндаи миллатанд: Вазорати тандурустӣ гуфт, кӯдаконро ба партовпартоӣ ҷалб накунед

Ояндаи миллатанд: Вазорати тандурустӣ гуфт, кӯдаконро ба партовпартоӣ ҷалб накунед
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки дар баъзе ҳолатҳо кӯдакон ба партовпартоӣ ҷалб мешаванд, ки ин метавонад ба саломатӣ ва рушди онҳо таъсири манфӣ расонад
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷалби кӯдакон ба ҷамъоварӣ ва партофтани партов метавонад боиси гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, осеби ҷисмонӣ ва заҳролудшавӣ гардад.
“Партовҳо манбаи микробҳо, бактерияҳо ва моддаҳои зараровар мебошанд, ки ба организми нозуки кӯдак таъсири ҷиддӣ мерасонанд”, - қайд кардааст вазорати тандурурстӣ. вазорат мегӯяд, ки дар шароити муосир, яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ин ҷалби кӯдакон ба ҷамъоварӣ ва партовпартоӣ мебошад, ки аз ҷониби баъзе волидайн ба назар мерасад. “Ин амал ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон таъсири манфӣ расонида, хатари гирифторшавӣ ба бемориҳои гуногунро зиёд мегардонад”, - таъкид кардааст вазорат. Ба гуфтаи мутахассисони вазорат кӯдаконе, ки бо партовҳо сарукор доранд, дар муҳити олуда қарор гирифта, бо микробҳо, вирусҳо, паразитҳо ва моддаҳои кимиёвии зараровар рӯ ба рӯ мешаванд. “Дар чунин шароит эҳтимоли ба вуҷуд омадани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои рӯда, бемориҳои паразитӣ ва бемориҳои пӯст зиёд мебошад”, - қайд кардааст манбаъ. Ҳамзамон ба гуфтаи ин вазорат, хавфи бемориҳои ғайрисироятӣ низ меафзояд, аз ҷумла аллергия, нафастангӣ, заҳролудшавӣ ва осебҳои ҷисмонӣ.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин мегӯяд, ки муҳити носолим метавонад ба ҳолати равонии кӯдак таъсири манфӣ расонад ва ба рушди солими ӯ халал ворид намояд. “Набудани назорати калонсолон, сатҳи пасти маърифати санитарӣ ва беаҳамиятӣ нисбат ба қоидаҳои гигиенӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ин мушкилотро шиддат мебахшанд”, - таъкид кардааст вазорат. Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо зарур аст, ки кӯдакон аз ҷойҳои партовгоҳ ва муҳитҳои олуда дур нигоҳ дошта шаванд, маърифати санитарии аҳолӣ баланд бардошта шуда, ба кӯдакон қоидаҳои гигиенаи шахсӣ мунтазам омӯзонида шаванд.
Ҳамчунин зикр гардидааст, ки назорати доимии волидон ва омӯзгорон дар таъмини муҳити бехатар нақши муҳим дорад.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки тозагии муҳити зист ва риояи қоидаҳои санитарӣ кафолати асосии пешгирии бемориҳо ва таъмини зиндагии солими ҷомеа ба шумор меравад.
Вазорати тандурустӣ аз сокинон даъват кардааст, ки барои ҳифзи саломатии насли наврас саҳм гузорад ва нагузорад, ки кӯдакон ба корҳои барои саломатӣ хатарнок, аз ҷумла партовпартоӣ, ҷалб карда шаванд.
Боздошти гумонбарони (“Қаллобӣ дар миқёси махсусан калон”) дар Фаронса

Боздошти гумонбарони (“Қаллобӣ дар миқёси махсусан калон”) дар Фаронса..

Парвандаи ҷиноӣ нисбати номбурда таҳти моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз...

Тӯфони "Нарра" Ба Чин Ва Ветнам зарба зад, даҳҳо ҳазор нафар эвакуатсия шуданд

Тӯфони "Нарра" Ба Чин Ва Ветнам зарба зад, даҳҳо ҳазор..

Обхезиҳо ва селҳо, ки аз тӯфони "Нарра" ба вуҷуд омадаанд, ба Минтақаи Ҷанубии Гуанси Чин Ва...

Давлатов Шаҳбоз, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, ки барои содир намудани ҷинояти авбошӣ тибқи талаботи моддаи 237

Давлатов Шаҳбоз, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, ки барои содир..

Давлатов Шаҳбоз, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, ки барои содир намудани ҷинояти авбошӣ тибқи талаботи...

ХАБАРҲОИ БАРДУРӮҒРО ПАҲН НАКУНЕД!

ХАБАРҲОИ БАРДУРӮҒРО ПАҲН НАКУНЕД!..

ХАБАРҲОИ БАРДУРӮҒРО ПАҲН НАКУНЕД!...

Трамп: има дар оғози ҷанг ба мактаб дар Эрон зарба зад

Трамп: има дар оғози ҷанг ба мактаб дар Эрон зарба зад..

Аз сабаби муҳити бесарусомонӣ, муайян кардани гунаҳкорони ҳақиқии фоҷиа ғайриимкон аст....

Комментарии (0)