Муфтӣ аз сарбозони тоҷик хост, якдигарро озор надиҳанд
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо ё муфтии Тоҷикистон дар мулоқот бо сарбозону марзбонҳои тоҷик аз онҳо хостааст, ки якдигарро озор надода, дастгирӣ ҳамдигар бошанд.
Шӯрои уламо бо нашри наворе гуфт, ки ин дидори муфтӣ бо марзбонону наваскарон рӯзи 20-уми октябр дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Нерӯҳои марзбонӣ (Қӯшунҳои сарҳадӣ)-и КДАМ, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеъ аст, сурат гирифтааст.
Абдуқодирзода дар хитоб ба сарбозон мегӯяд, "ин барои шумо беҳтарин фурсат аст, ки дар ин ҷо на ин ки барои худ душман на касеро озор бидиҳед, баръакс ҳамдигарро дастгирӣ кунед... Ин аст нангу номусу мусалмонӣ".
Ба навиштаи Шӯрои уламо, муфтӣ дар мавриди аҳаммияти ҳифзи марзу буми кишвар ва масъулияти хидмат ба халқу давлат андешаронӣ карда, ба наваскарон ва сарбозон тавсия доддодаст, “вазифаҳои хидматиро содиқона иҷро ва меъёрҳои ростқавлӣ, интизом, эҳтироми якдигар, сабру таҳаммул ва ахлоқи ҳамидаи исломиро риоя кунанд”.
Мушкили озору азияти сарбозон дар артиш ва қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон, махсусан, таҳқиру латукӯби наваскарон аз сӯйи кӯҳнасарбозон солҳо боз доғ боқӣ мемонад. Вале мақомот на ҳамеша вуҷуди ин ҳолатро дар артиш қабул мекунанд.
Муфтии Тоҷикистон қаблан ҳам ба дидори наваскарон рафта, онҳоро насиҳат карда буд.