Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд

Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд

18 март дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонони Конфронси оби СММ–2026 ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии ин чорабинӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо таъкиди нақши калидии ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ иброз намуд, ки фаъолияти онҳо барои роҳнамоии самараноки муҳокимаҳо ва таъмини инъикоси ҳамаҷонибаи афзалият ва интизориҳои давлатҳои аъзо, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ оид ба аҳаммияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об изҳори назар намуда, ба раванди омодагӣ ба Конфронси чаҳоруми Раванди оби Душанбе (25–28 майи соли 2026) таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Ӯ ҳозиринро барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар Конфронси Душанбе даъват намуд.

Мизбонони Конфронси оби СММ–2026 ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ, аз ҷумла ҳамраиси Конфронси оби Душанбе Ли Ҷунхуа, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пуштибонӣ намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи мудирияти устувори захираҳои об изҳори омодагӣ намуданд.

Президенти Эрон Пезешкян пешниҳод кард, ки формати "ИДМ+1" бо иштироки Теҳрон таъсис дода шавад.

Президенти Эрон Пезешкян пешниҳод кард, ки формати "ИДМ+1"..

Масъуд Пезешкян, раисиҷумҳури Эрон, пешниҳод кард, ки формати "ИДМ+1" бо иштироки Ҷумҳурии...

Дархости Раҳмон аз Тоқаев барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон

Дархости Раҳмон аз Тоқаев барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз..

Роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон дар дидор аз суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар...

Трамп АЗ НАТО ӯҳдадории Ағбаи Ормузро талаб кард

Трамп АЗ НАТО ӯҳдадории Ағбаи Ормузро талаб кард..

Президенти Има Доналд Трамп дар мулоқоти РӮЗИ чоршанбе Бо дабири КУЛЛИ НАТО Марк Рютте талаб кард, ки...

Сенати ИМА ният дорад ки трампро аз амалиети Умон манъ кунад

Сенати ИМА ният дорад ки трампро аз амалиети Умон манъ кунад..

Сенатор Кейн хотиррасон кард, Ки Умон шарики дипломатии ИМА аст....

Трамп имкони зарбаҳои нави низомӣ ба Эронро иҷозат дод

Трамп имкони зарбаҳои нави низомӣ ба Эронро иҷозат дод..

Президенти Има Доналд Трамп имкони зарбаҳои нави низомӣ ба Эронро иҷозат дод ва гуфт, Ки Вашингтон...

Нигоҳдорони ЧИН агенти хадамоти Махфии ИМА ро бо силоҳ ба Маъбади Осмон роҳ надоданд

Нигоҳдорони ЧИН агенти хадамоти Махфии ИМА ро бо силоҳ ба Маъбади..

Дар Чин, посбонон агенти хадамоти Махфии амрикоро бо силоҳ ба Қаламрави Маъбади Осмон Дар Пекин роҳ...

Комментарии (0)