Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Ҷаримаи як сокини Суғд барои сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук

Ҷаримаи як сокини Суғд барои сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук

Мақомот як сокини вилояти Суғдро бо иттиҳоми сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Дар ин бора, рӯзи 17-уми март Эраҷ Давлатов, сардори шуъбаи мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, аз ин шахс Наимҷон Эркинов ном бурд, ки ронандаи мошини боркаш будааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ ҳангоми содироти маҳсулот ба хориҷа, мӯҳри кормандони гумрукро нусхабардорӣ ва дар Русия муҳри қалбакиро омода кардааст.

Манбаъ афзуд, номбурда муҳри қалбакиро ҳангоми убури сарҳади гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои худ истифода мебурд ва бидуни навбат ва пеш аз вақти муайяншуда бор ва мошини худро аз сарҳад интиқол медод.

Мақомот баъди ошкор шудани ин кирдори Эркинов, нисбати ӯ бо иттиҳоми сохтакории мӯҳр (моддаи 340, қисми 2, Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба Додситонии ноҳияи Мастчоҳ ирсол кардааст.

Аммо маълум нест, ки ин амали ӯ кай ва дар кадом шароит ошкор шудааст.

Аз Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ, ки парванда баъди баррасӣ ба ин идора ворид шудааст, ба мо гуфтанд, Наимбой Эркинов бо ҳукми додгоҳ 10 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима шудааст.

Бояд гуфт, ба иттилои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, давоми соли 2025 дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 1719 қонуншиканӣ ошкор шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 385 ҳолат зиёд аст. Ҳамчунин, соли гузашта 26 ҷиноят дар ин самт ошкор шудааст.

Донишҷӯени Афғонистонро аз донишгоҳҳои покистон хориҷ мекунанд

Донишҷӯени Афғонистонро аз донишгоҳҳои покистон хориҷ мекунанд..

Донишҷӯени Афғонистонро аз донишгоҳҳои покистон хориҷ мекунанд. Дар ин бора "Ал Ҷазира"хабар...

"Бонги хатар"-и чорводорон аз хуруҷи бемории "сумдард" дар Русия ва Осиёи Миёна

"Бонги хатар"-и чорводорон аз хуруҷи бемории..

Чорводорон дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз хуруҷи беморие бонги хатар мезананд, ки сабаби талаф...

Дар Қазоқистон ният доранд, ки барои мат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷарима ҷорӣ кунанд

Дар Қазоқистон ният доранд, ки барои мат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷарима..

Мақомоти Қазоқистон ният доранд, ки масъулияти маъмуриро барои таҳқири номатлуб дар платформаҳои онлайн...

Духтари сесола ҳайвонотро дар боғи ҳайвонот парронд ва аз сироят мурд

Духтари сесола ҳайвонотро дар боғи ҳайвонот парронд ва аз сироят мурд..

Ин боғи ҳайвонот аллакай аз сабаби сироятебии кӯдакон ба таваҷҷӯҳи матбуот дучор шуда буд....

Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»

Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва..

Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 531 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 287 нафар...

Арзиева Саломат, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Ҳисор, зимни машғул шудан ба фолбинӣ аз ҷониби кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсияи пойтахт дастгир карда шуд.

Арзиева Саломат, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Ҳисор, зимни..

Арзиева Саломат, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Ҳисор, зимни машғул шудан ба фолбинӣ аз ҷониби...

Комментарии (0)