Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»

Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»

Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 531 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 287 нафар ба ҳалокат расид ва 508 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Дар ин хусус Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои вазир, дар давраи ҳисоботӣ шумораи садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ёфта, ҳолатҳои фавт дар натиҷаи садамаҳо зиёд гардидааст, ки ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Рамазон Раҳимзода яке аз сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётиро ба риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби баъзе ронандагон рабт дод. Ҳамчунин гуфт, ки сатҳи нокифояи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги иштирок дар ҳаракат низ ба зиёд шудани чунин ҳодисаҳо таъсир мерасонад.

«Мо пайваста таъкид мекунем, ки ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт эҳтироми ҳамдигар ва риояи қоидаҳои ҳаракат бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошад. Аммо, мутаассифона, дар ин самт ҳоло ҳам мушкилоти зиёд вуҷуд доранд», — гуфт вазир.

Вазир иброз дошт, ки «яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар шаҳри Душанбе таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар қаторҳои дуюм ва сеюм мебошад, ки боиси халалдор шудани ҳаракати нақлиёт мегардад. Барои бартараф намудани ин мушкилот тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Мо мехоҳем ба қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Тибқи он ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм ва монеа эҷод намудан ба ҳаракати нақлиёт пурзӯр гардида, ҷазо барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо вазнинтар карда шавад».

Бояд гуфт, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт масъалаи таъмини бехатарии роҳҳо ва коҳиши садамаҳои нақлиётӣ ба яке аз масъалаҳои мубрам табдил ёфтааст.

Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ, ҳангоми мастӣ рондани воситаи нақлиёт, набастани тасмаи бехатарӣ, ҳангоми рондани нақлиёт суҳбат кардан бо телефон, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир накардан ба иштирокчиёни роҳи пиёдагард аз ҷумлаи сабабҳое мебошанд, ки дар ҳолати пешгирии он метавон пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро гирифт.

Бояд гуфт, ки афзоиши шумораи мошинҳо дар мамлакат ба танбашавӣ ва садаманокӣ низ оварда мерасонад. Дар Тоҷикистон солҳои охир шумораи мошинҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Яке аз роҳҳои муассири ҳалли ин масъала мутобиқ гардонидани роҳҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Таҳқиқоти байналмилалӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки дар роҳҳое, ки бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд шудаанд, шумораи садамаҳо 30–50 дарсад камтар аст.

Дарёфти ҷасадҳои ду марзбони тоҷике, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буданд

Дарёфти ҷасадҳои ду марзбони тоҷике, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуда..

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълон кард, ки ҷасадҳо дар мавзеи пайвастшавии дарёи Сурхоб ба...

Як нафар дар садамаи қатора дар боғи ИМА ҷон бохт.

Як нафар дар садамаи қатора дар боғи ИМА ҷон бохт...

Дар боғи фароғатии Six Flags як ҳолати фавқулодда рух дод....

Зимни идораи воситаи нақлиёт риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва эҳтироми якдигар нишонаи сатҳи одобу маърифати ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Мутаассифона, баъзан муносибати дағалонаи ронандагон ба мушоҳида мерасад.

Зимни идораи воситаи нақлиёт риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва..

Зимни идораи воситаи нақлиёт риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва эҳтироми якдигар нишонаи сатҳи одобу...

Мадина Қурбонзода барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо

Мадина Қурбонзода барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо..

Мадина Қурбонзода барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба ҷудо...

Дар Миср бархӯрди автобус бо мошини боркаш се нафар кушта ва 25 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар Миср бархӯрди автобус бо мошини боркаш се нафар кушта ва 25 нафар..

Дар Миср, дар натиҷаи бархӯрди автобуси мусофирбар ва мошини боркаш, се нафар кушта ва 25 нафари дигар...

Исроил утвердил ҳукми қатл барои маҳкумшудагон барои теракты дар соҳили Ғарбӣ

Исроил утвердил ҳукми қатл барои маҳкумшудагон барои теракты дар..

Фармондеҳи ноҳияи марказии ҲАРБИИ ЦАХАЛ генерал-майор Ави Блут фармонеро имзо кард, ки қонуни нави...

Комментарии (0)