Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Раҳмон: Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст

Раҳмон: Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар маросими ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гуфт, ки тайи 35 сол кишвар роҳи ниҳоят сахту сангин, вале пуршарафи давлатсозиро тай намуд
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гуфт, ки миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.“Маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ки дар натиҷаи саъйу талошҳои зиёд ба даст омад, барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард”, -гуфт ӯ.Вай илова кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати заҳмати содиқона ва талошҳои ватандӯстонаи мардум ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз марказҳои муҳимми баргузории чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ дар минтақа табдил ёфта истодааст.
“Итминони комил дорам, ки Варзишгоҳи навбунёди миллӣ минбаъд ба маркази рушди футболи кишвар, макони баргузории муҳимтарин бозиҳои байналмилаливу минтақавӣ ва майдони омодасозии наслҳои футболбозони муосири тоҷик табдил меёбад”, - гуфт ӯ.
Кишвардори Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки сокинон бояд ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расанд ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоянд.
Байни анъана ва технология: Бишкек саммити СҲШ-ро пешвоз мегирад

Байни анъана ва технология: Бишкек саммити СҲШ-ро пешвоз мегирад..

Қирғизистон ба музокироти раҳбарони СҲШ ва бозиҳои ҷаҳонии кӯчмандон омодагӣ мегирад....

ВАЗОРАТИ УМУРИ Хориҷии Эрон: БРИКС бояд яке аз рукнҳои тартиботи нави ҷаҳонӣ гардад

ВАЗОРАТИ УМУРИ Хориҷии Эрон: БРИКС бояд яке аз рукнҳои тартиботи нави..

Гурӯҳи БРИКС бояд табдил ба яке аз столпов мутавозин ва зиеда аз гуманного миропорядка. Чунин изҳори...

Эмомали Раҳмон имзои тафоҳумномаи сулҳро ба Трамп ва Пизишкиён табрик гуфт

Эмомали Раҳмон имзои тафоҳумномаи сулҳро ба Трамп ва Пизишкиён табрик..

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имзои эъломияи тафоҳумномаи сулҳ байни Амрико ва Эронро, ки...

Эрон ба ИМА шароити сулҳро дар пасманзари вазъи Ағбаи Ормуз дикто мекунад

Эрон ба ИМА шароити сулҳро дар пасманзари вазъи Ағбаи Ормуз дикто..

Теҳрон ба таслимшавӣ намеравад ва аллакай қоидаҳои нави киштигардиро тавассути ағбаи Ормуз таҳия...

Эрон силоҳро аз силоҳи ҳастаӣ пурқувваттар ефт - The Economist

Эрон силоҳро аз силоҳи ҳастаӣ пурқувваттар ефт - The Economist..

Эрон эҳтимолан силоҳи пурқувваттар аз силоҳи ҳастаӣ-назорати Ағбаи Ормузро ба даст овард....

Путин дар саммити АТЭС Дар Чин ширкат хоҳад кард

Путин дар саммити АТЭС Дар Чин ширкат хоҳад кард..

Русия фаъолияти раесати чинро дар форуми АТЭС дар соли 2026 комилан дастгирӣ мекунад....

Комментарии (0)