DataLife Engine / Раҳмон: Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст

Раҳмон: Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар маросими ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гуфт, ки тайи 35 сол кишвар роҳи ниҳоят сахту сангин, вале пуршарафи давлатсозиро тай намуд
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гуфт, ки миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид.“Маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ки дар натиҷаи саъйу талошҳои зиёд ба даст омад, барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард”, -гуфт ӯ.Вай илова кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарофати заҳмати содиқона ва талошҳои ватандӯстонаи мардум ба марҳалаи нави рушд қадам гузоштааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз марказҳои муҳимми баргузории чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ дар минтақа табдил ёфта истодааст.
“Итминони комил дорам, ки Варзишгоҳи навбунёди миллӣ минбаъд ба маркази рушди футболи кишвар, макони баргузории муҳимтарин бозиҳои байналмилаливу минтақавӣ ва майдони омодасозии наслҳои футболбозони муосири тоҷик табдил меёбад”, - гуфт ӯ.
Кишвардори Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки сокинон бояд ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расанд ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоянд.
Сегодня, 11:35
Вернуться назад