Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Як зодаи Тоҷикистон, ки бемори рӯҳист, аз Амрико фирор кардааст

Як зодаи Тоҷикистон, ки бемори рӯҳист, аз Амрико фирор кардааст

Мақомоти Амрико гуфтанд, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бемори рӯҳист, аз ин кишвар фирор кардааст.

Вебсайти "Fox5" рӯзи 17-уми август навишт, Абдулло Тошпӯлодзода соли 2019 ба куштани соҳибхонааш дар Амрико гунаҳкор, аммо бо сабаби бемории равонӣ дар шифохонаи Вирҷинияи Шимолӣ бистарӣ шуда буд.

Дар як санади расмӣ аз 5-уми август гуфта шудааст, ки Тошпӯлодзода бо истифода аз таътили кӯтоҳмуддат аввал ба Истанбул ва аз он ҷо ба Душанбе рафт. Ин дар ҳолест, ки додгоҳ ҳанӯз моҳи июни имсол гуфтааст, “ӯ бе қарори додгоҳ набояд бемористонро тарк кунад”.

Қонунҳои Вирҷиния барои гурӯҳи муайяни беморони рӯҳӣ, аз ҷумла онҳое, ки даст ба куштор задаанд, як ё ду рӯз имкони берун шудан аз беморхонаро медиҳад.

Ҳатто додситон соли 2024 ба Абдулло Тошпӯлодзода иҷозат дода будааст, ки ба Вашингтон рафта, шиносномаашро бигирад. Намояндагии расмии Тоҷикистон дар Амрико дар ин шаҳр ҷойгир аст.

Бар асоси санадҳои расмӣ, Тошпӯлодзода рӯзи 6-уми июл, замоне ки бо иҷозатномаи муваққатӣ аз беморхона берун шуда буд, аз фурудгоҳи “Даллас” ба воситаи Истанбул ба Душанбе рафтааст.

Муфаттишон гуфтаанд, билет яктарафа буд ва ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” парвози ӯро тасдиқ кард. Зоҳиран билетро барои Тошпӯлодзода шахси дигаре харидааст.

Сомонаи "Fox5" менависад, хешовандони Абдулло Тошпӯлодзода нахостанд дар ин бора бо матбуот суҳбат кунанд. Маълум нест ҳоло ӯ дар куҷост ва оё ин қазия аз ҷониби ниҳодҳои Тоҷикистон ҳам пайгирӣ мешавад ё на.

Манбаъ: радио Озоди

Шумораи кушташудагон дар Заминларзаҳои Венесуэла ба 1450 нафар расид

Шумораи кушташудагон дар Заминларзаҳои Венесуэла ба 1450 нафар расид..

Ҳадди аққал 189 бино пас аз ду заминларзаи 24 июн дар Венесуэла пурра фурӯ рехтанд, гуфт Раиси...

"Ман шарафро пок кардам": хушдоманам келини худро ба сабаби гумонбар шудани хиенат ба қатл расонд

"Ман шарафро пок кардам": хушдоманам келини худро ба сабаби..

Табибоне, ки ба ҷои ҳодиса расиданд, марги духтарро муайян карданд. Дар Туркия хушдоманаш келини худро...

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, хабар доданд, ки фарзанди онҳо давоми чанд рӯз боз бедарак гардидааст.

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия..

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, хабар доданд, ки...

Дар Тоҷикистон теъдоди никоҳу талоқ ва издивоҷҳои бармаҳал коҳиш ёфтааст

Дар Тоҷикистон теъдоди никоҳу талоқ ва издивоҷҳои бармаҳал коҳиш..

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷудошавии оилаҳо яке аз мушкилиҳои нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар...

Мард як яхмосро бо найза кушт ва сарашро дуздид

Мард як яхмосро бо найза кушт ва сарашро дуздид..

Полис ҷинояткорро бо сари кушташуда дар ошхона пайдо кард. В индийском штате Уттар-Прадеш мужчина...

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида мешаванд

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида..

Фаронсавӣ аз тарси паҳншавии хантавирус ба дорухонаҳо барои харидани ниқобҳои тиббӣ шитофтанд, хабар...

Комментарии (0)