Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Тоҷикистон истеҳсоли орд бидуни витамину минералҳоро манъ мекунад

Тоҷикистон истеҳсоли орд бидуни витамину минералҳоро манъ мекунад
Ҳукумати Тоҷикистон вазоратҳои тандурустӣ ва саноатро муваззаф кардааст, ки истеҳсоли орди ғанӣ бо витамину минералҳоро назорат кунанд
ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik.Ҳукумати Тоҷикистон истеҳсоли ордеро, ки бо витамину минералҳо ғанӣ гардонда нашудааст, дар кишвар мамнуъ кард.
Аз 1 сентябри соли 2026 дар ҳудуди ҷумҳурӣ орди гандумии навъҳои олӣ ва якум барои фурӯш дар бозори дохилӣ танҳо дар шакли ғанигардонидашуда бо иловаи витамину минералҳо истеҳсол карда шавад, қарор кардааст ҳукумати Тоҷикистон.
Аз ҷумла илова кардани оҳан, руҳ, витаминҳои В9 ва В12 дар назар аст.
Истеҳсол ва фурӯши орде, ки ғанӣ гардонда нашудааст, танҳо барои содирот ба роҳ монда шавад, омадааст дар қарор.
Ҳукумати Тоҷикистон вазоратҳои тандурустӣ ва саноатро муваззаф кардааст, ки истеҳсоли орди ғанӣ бо витамину минералҳоро назорат кунанд.
Взорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур гирифтааст, назорати давлатии санитарию беҳдоштии истеҳсол, воридот ва фурӯши орди навъҳои олӣ ва якуми ғанигардонидашударо таъмин намояд.
Амалигардонии тадбирҳоро оид ба таъмини аҳолӣ бо микронутриентҳо - витамини А, кислотаи фолат ва оҳан ба роҳ монад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон вазифадор шудааст, фаъолияти корхонаҳои ордбарорӣ ва фурӯши орди навъҳои олӣ ва якуми ғанигардонидашударо таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.
Ҷиҳати харид ва воридоти саривақтии омехтаҳои витаминӣ, витаминӣ-минералӣ ва молҳои дигари зарурӣ барои ғанигардонии орд чораҳои мушаххас андешад, омадааст дар қарор.
Тибқи додаҳои оморӣ ҷумҳурӣ дар шашмоҳи гузашта ба миқдори 399,4 ҳазор тонна орд (ба маблағи 1 141,0 млн сомонӣ) истеҳсол карда шудааст.
Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳаҷми истеҳсоли нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,8 ҳазор тонна ё 31,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дарёфти ҷасадҳои ду марзбони тоҷике, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буданд

Дарёфти ҷасадҳои ду марзбони тоҷике, ки дар дарёи Панҷ ғарқ шуда..

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълон кард, ки ҷасадҳо дар мавзеи пайвастшавии дарёи Сурхоб ба...

Дар Олмон аз сабаби гармӣ дар Соли 2026 14 ҳазор нафар фавтиданд

Дар Олмон аз сабаби гармӣ дар Соли 2026 14 ҳазор нафар фавтиданд..

Аз аввали соли Ҷорӣ дар Олмон тақрибан 14 ҳазор нафар қурбони оқибатҳои ҳавои гарм шуданд. Дар ин бора...

The Telegraph: Трамп метавонад Ба Рютте дар бораи рад кардани ҳимояи КИШВАРҲОИ НАТО бигӯяд

The Telegraph: Трамп метавонад Ба Рютте дар бораи рад кардани ҳимояи..

Трамп метавонад ҳар кори аз дасташ меомадаро кунад, то БА НАТО зарар расонад. Президенти ИМА Доналд...

Зулфикор; мушаки Нав дар маъракаи ЗИДДИ ИМА ва режими саҳюнистӣ

Зулфикор; мушаки Нав дар маъракаи ЗИДДИ ИМА ва режими саҳюнистӣ..

Пас аз ҳамлаи НАВИ ИМА ва сионистон ба Эрон, НЕРӮҲОИ ҲАВОИИ КСИР амалиети "ваъдаи ҳақиқии 4"...

Мӯҳлати интихоби раҳбари олии Эрон ҳанӯз муайян нашудааст

Мӯҳлати интихоби раҳбари олии Эрон ҳанӯз муайян нашудааст..

Дар Эрон ҳанӯз мӯҳлати интихоби раҳбари нави олӣ муайян нашудааст. Дар ИН бора узви шӯрои коршиносон,...

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД..

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД...

Комментарии (0)