Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Имсол ҳам ин моҳ 29 рӯз муайян шудааст.
-----
Муаллиф: Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus
Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди Фитр дар Тоҷикистон 20-юми март таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз Шӯрои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, ба чунин натиҷа расидаанд.
Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози иди Рамазон дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон соати 7:30-и рӯзи 20-юми март хонда мешавад.
Дар ҷаласа аз имомхатибон талаб кардаанд, ки дар бораи расонидани ёрии моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардум мавъиза хонанд.
Инчунин, ба тамоми имомхатибон супориш шудааст, ки матни табрикотии Шӯрои уламоро ба самъи мардум расонанд.
Бояд гуфт, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон моҳи Рамазон 29 рӯз шуморида мешавад. Аз ҷумла, соли гузашта ҳам ин моҳ 29 рӯз шуда буд.
♦️Хайру садақоти марбут ба Рамазон
Тибқи қарори Шӯрои уламо, дар соли 2026 маблағи фитри рӯза ва фидяи савм нисбат ба соли гузашта кам шудааст, аммо нисоби закот афзоиш ёфтааст.
Фитри рӯза: Имсол ҳар як кас бояд 7 сомонӣ фитри рӯза пардохт кунад, ки нисбат ба соли 2025 (8 сомонӣ) як сомонӣ кам шудааст. Бояд ин садақа давоми моҳи шарифи Рамазон то пеш аз намози иди Фитр пардохт шавад.
Нисоби закот: Агар шахс 64 ҳазор сомонӣ ё зиёдтар дошта бошад, бояд 1 ҳазору 600 сомонӣ закот диҳад. Дар соли гузашта ин нишондиҳанда 36 ҳазору 900 сомонӣ буд ва маблағи закот 880 сомонӣ ташкил медод. Имсол ҳам нисоб ва ҳам маблағи закот қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.
♦️Муҳимтарин нукот дар бораи закотро дар ин матлаби мо хонед.
Фидяи савм: Барои онҳое, ки ба сабабҳои шаръӣ рӯза намегиранд, фидяи савм дар соли 2026 барои 30 рӯз 420 сомонӣ (14 сомонӣ барои як рӯз) муқаррар карда шудааст. Соли 2025 ин рақам 480 сомонӣ (16 сомонӣ барои як рӯз) буд.
Шӯрои уламо мегӯяд, ки ба ниёзмандон садақа диҳед
Дар матни таҳниятии Шӯрои уламо, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, гуфта мешавад, ки вақте асҳоби Пайғамбар (с) дар рӯзи ид ба дидори ҳам мерасиданд, ба якдигар мегуфтанд: “Тақаббалаллоҳу минно ва минкум”, яъне Худованд аз мову шумо қабул фармояд.
Яке аз суннатҳои рӯзи ид, чуноне Шӯрои уламо мегӯяд, ба таъхир андохтани намози ид мебошад, то ин ки қабл аз намоз садақаи фитр ба дасти фақирону ниёзмандон расида, ба хонаводаи онҳо ёриву дастгирӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи иди Рамазон сокинон дастархон меороянд ва ба хонаҳои якдигар барои табрик мераванд. Вале соли 2024 идгардаки кӯдакон дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон расман манъ карда шуда, кӯдакон ҳақ доранд бо волидон ва шахсони калонсол ба идгардак раванд.
Шаби 11-уми майи соли ҷорӣ, пас аз ворид гардидани хабари фаврӣ оид ба муноқишаи гурӯҳии ноболиғон, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур фавран ба маҳалли ҳодиса, воқеъ дар кӯчаи Афзалӣ, ҳозир шуданд.

Шаби 11-уми майи соли ҷорӣ, пас аз ворид гардидани хабари фаврӣ оид..

Шаби 11-уми майи соли ҷорӣ, пас аз ворид гардидани хабари фаврӣ оид ба муноқишаи гурӯҳии ноболиғон,...

Эрон музокирот накард, Трамп маҷбур шуд, ки сулҳро тамдид кунад

Эрон музокирот накард, Трамп маҷбур шуд, ки сулҳро тамдид кунад..

Президенти ИМА, ки дар рӯзҳои охир борҳо иброз доштаам, ки продлит перемирие, баъд аз он ки Эрон на дар...

Қурбонов Файзалӣ ва Марданов Шокир, сокинони шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гумонбар дониста мешаванд.

Қурбонов Файзалӣ ва Марданов Шокир, сокинони шаҳри Душанбе, дар содир..

Қурбонов Файзалӣ ва Марданов Шокир, сокинони шаҳри Душанбе, дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ гумонбар...

Барои содир намудани ҷинояти авбошӣ ва дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур Юнусов.

Барои содир намудани ҷинояти авбошӣ ва дағалона вайрон намудани..

Барои содир намудани ҷинояти авбошӣ ва дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби кормандони...

Трамп талаб кард, Ки Ба попи рум хабар дода шавад, Ки Эрон 42 ҳазор эътирозгарро куштааст

Трамп талаб кард, Ки Ба попи рум хабар дода шавад, Ки Эрон 42 ҳазор..

Раҳбари амрико аз мавқеи поп изҳори норозигӣ кард. Президенти ИМА Доналд Трамп 14 апрел талаб кард, ки...

Аз ҷониби кормандони Маркази «Шаҳри бехатар», барои бе рақами қайди давлатӣ идора намудани воситаи нақлиёт шаҳрванд Буриев Комрон — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота», рақами қайди давлатиаш 4299VV01, боздошт гардид.

Аз ҷониби кормандони Маркази «Шаҳри бехатар», барои бе рақами қайди..

Аз ҷониби кормандони Маркази «Шаҳри бехатар», барои бе рақами қайди давлатӣ идора намудани воситаи...

Комментарии (0)