Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт дар Осиёи Марказӣ саҳм гузорад

Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт дар Осиёи Марказӣ саҳм гузорад
Роҳбари бунёди рушди Русияву Қирғизистон гуфт, ки Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт дар Осиёи Марказӣ иштирок намояд
ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт барои кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дошта бошад.
Дар ин бора Артем Новиков, раиси Бунёди рушди Русияву Қирғизистон, дар Форуми 8-уми иқтисодии Қирғизистону Русия дар Чолпон-Ота изҳори назар кард.
Вай ёдовар шуд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан пешниҳод карда буд, ки дар Осиёи Марказӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои кишварҳои минтақа як корхонаи бузурги полоиши нафт сохта шавад."Дар ин кор Русия бо таҷриба, имконият ва технологияи бузурги худ дар ин соҳа метавонад нақши калидӣ дошта бошад", - гуфт Новиков.Ғайр аз ин, роҳбари Бунёд таъкид кард, ки тақвияти ҳамкории энергетикии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст.
"Лоиҳаҳои нерӯгоҳҳои атомӣ дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон, дар баробари рушди гидроэнергетика дар Қирғизистон ва Тоҷикистон, метавонанд заминаро барои навсозии системаи ягонаи энергетикӣ ва эҷоди бозори умумии нерӯи барқ ​​барои минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил диҳанд", - гуфт Новиков.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, пешниҳод намуд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ корхонаҳои бузурги коркарди нафт барои истеҳсоли маводи сухт сохта шаванд.
Вай гуфт, ки бо назардошти вазъияти имрӯза дар бозори энергетикии минтақа ва ҷаҳон сохтмони корхонаҳои бузурги полоиши нафт дар минтақа хеле муҳим аст.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулинро вазифадор намуд, ки бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи маводи сӯхт ва барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.
Раисҷумҳур ҳамчунин дастур ба масъулин дастур додааст, ки вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил намоянд.
“Пул гирем, андоз супорем. Ҷабр аст”. Назарҳо ба андозбандии ҳамёнҳои электронӣ

“Пул гирем, андоз супорем. Ҷабр аст”. Назарҳо ба андозбандии ҳамёнҳои..

Пас аз як тасмими Оҷонсии инноватсия ва фанновариҳои нави Тоҷикистон дар ду-се рӯзи ахир бештари...

Рушди чашмгир: Тиҷорати Тоҷикистону Русия аз аввали сол 21% афзудааст

Рушди чашмгир: Тиҷорати Тоҷикистону Русия аз аввали сол 21% афзудааст..

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 39,5% ё 3138,4 млн доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои...

Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт дар Осиёи Марказӣ саҳм гузорад

Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт дар Осиёи..

Роҳбари бунёди рушди Русияву Қирғизистон гуфт, ки Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши...

Бо зарбаҳо ба НПЗ-и русия, Украина кӯшиш мекунад, Ки Осиеи Марказиро оташ занад

Бо зарбаҳо ба НПЗ-и русия, Украина кӯшиш мекунад, Ки Осиеи Марказиро..

Зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба Корхонаи Коркарди Нафти Омск — бузургтарин Дар Русия — мавҷи...

Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир 2,1 маротиба афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз соли дар панҷ соли ахир..

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир рушди устувор ва назаррасро нишон додааст...

Комментарии (0)