Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Барои истиқлолият зарур аст: Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ меҷӯянд

Барои истиқлолият зарур аст: Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ меҷӯянд
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки кашфи захираҳои зиёди нафту газ, барои истиқлолияти кишвар хеле муҳим аст
Тоҷикистон умед доард дар кишвар конҳои нави нафту газ бо захираҳои ҳангуфт кашф карда мешавад.
Кашфи захираҳои нафту гази зиёд барои ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ зарур аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридораи геология.
Раиси ин ниҳод қайд кард, ки геологҳо муайян кардани конҳои нафт ва газро дар кишвар идома медиҳанд.
"Мо бо Вазорати энергетика ва захираҳои об дар ин самт ҳамкорӣ зич дорем ва умедворем, ки захираҳои назарраси нафту газ кашф шаванд. Ин барои истиқлолияти кишвар хеле муҳим аст", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, чунин захираҳо дар Водии Фарғонава - як ҳавзаи байникӯҳӣ байни қаторкӯҳҳои Ҳисор-Олой, Помир ва Ҳиндукуш ҷойгиранд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати чинии CNPC дар як кони нафт, кор доранд.
Оймуҳаммадзода хабар дод, ки мутахассисони CNPC айни замон маълумоти сейсмикиро коркард мекунанд ва натиҷаҳоро то охири соли ҷорӣ пешниҳод мекунанд, ки пас аз он маконҳои пармакунии чоҳҳо муайян карда мешаванд.
Вай қайд кард, ки маълумот дар бораи захираҳои нафт дар ин минтақа то ҳол номаълум аст, зеро конҳо на дар рӯи замин, балки дар сохторҳои амиқи хок ҷойгиранд, "ва дар ин ҷо пармакунӣ зарур аст".
Тоҷикистон тақрибан 28 кони нафти бақайдгирифташуда дорад, ки захираҳои тасдиқшуда беш аз 2 миллион тоннаро ташкил медиҳанд. 12 корхонаи коркарди нафт фаъолият мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар соли 2025 дар кишвар каме бештар аз 18,500 тонна нафт истеҳсол шудааст, ки барои таъмини корхонаҳои коркарди нафт нокифоя аст, аз ин рӯ, кишвар маҳсулоти нафту газро ворид мекунад.
Соли гузашта беш аз 80% ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшуда ба ҷумҳурӣ аз Русия, 5% дигар аз Узбекистон ва ҳаҷми боқимонда аз Қазоқистон, Туркманистон, Беларус ва Қирғизистон ворид шудааст.
Ҷопон пас аз 4 моҳ бо сабаби вазъи Халиҷи Форс ба норасоии ашеи хоми пластикӣ дучор хоҳад шуд

Ҷопон пас аз 4 моҳ бо сабаби вазъи Халиҷи Форс ба норасоии ашеи хоми..

Ассотсиатсияи саноати нафту кимиеи Ҷопон хабар дод, ки захираҳои ашеи хом барои истеҳсоли намудҳои...

Тоҷикистон ба мардуми осебдида дар Эрон кумак фиристодааст

Тоҷикистон ба мардуми осебдида дар Эрон кумак фиристодааст..

Тоҷикистон барои кумак ба мардуми осебдида дар Эрон дар 110 мошин ёрии башардӯстона фиристодааст....

Мақомот гуфт маоши камтарину баландатринро дар Тоҷикистон кӣ мегирад

Мақомот гуфт маоши камтарину баландатринро дар Тоҷикистон кӣ мегирад..

Агентии омори Тоҷикистон моҳи апрели соли 2026 музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар кишвар афзоиш ёфтааст...

Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо ба роҳ монда мешавад

Байни Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии..

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон Созишнома оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии...

Дар асоси муроҷиатҳо ва наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони бозрасии милитсияи пойтахт ҳамарӯза шумораи зиёди қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта мешаванд.

Дар асоси муроҷиатҳо ва наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз ҷониби..

Дар асоси муроҷиатҳо ва наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони бозрасии милитсияи...

Комментарии (0)