Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Аржанг ва ё кошикориҳои Душанбе куҷо мешаванд?

Аржанг ва ё кошикориҳои Душанбе куҷо мешаванд?

Дар пойтахти Тоҷикистон, ки сохтмони биноҳои истиқоматӣ бо суръати баланде идома дорад, ҳунармандону меъморонро як чиз нигарон кардааст. Аз байн рафтани осори зебое, ки арзиши ҳунарӣ доранд. Он ҳам аржангҳоест, ки дар замони шӯравӣ сохта буданду намунае аз осори меъморӣ дониста мешуданд.

Яке аз кошикориҳои биноҳои замони шӯравӣ дар шаҳри Душанбе аҳамияти хондани китоб ва илму донишро инъикос кардааст. Чизе, ки шикоят аз беаҳамиятӣ ба онҳо дар Тоҷикистон зиёд аст.

Кошикории дигар дар яке аз биноҳои дигари пойтахти Тоҷикистон, дастовардҳои замони шӯравиро нишон медиҳад ва низ шоирону донишмандони тоҷикро.

Шояд то чанд вақти дигар ин кошикориҳоро дигар надид, зеро ин бинои қадимаро вайрон мекунанд ва ба ҷойи он баландошёна месозанд. Сокинонаш мегӯянд, кош ин кошикориҳоро як навъ нигаҳ медоштанд.

Раҳмон Сотиев, сокин яке аз ин биноҳо мегӯяд: "Ҳамин кошикориҳоро агар дуруст гиранд, чида бигиранд, боз дар ҳамон иморате, ки инҷо месозанд, гузоранд, бисёр хуб мешавад".

Зоҳиран ин хоҳиши ӯ иҷро намешавад, зеро қарор аст, дар ҷойи ин бино, як сохтмони нави истиқоматӣ қад биафрозад ва нишонае аз кошикорӣ ё аржанг ҳам дар он набошад.

Дар даҳсолаи охир Осиёи Марказӣ ба ҳифзи мероси шӯравии худ таваҷҷӯҳи зиёде накардааст. Ёдгориҳои меъморӣ ва ҳунарӣ, аз ҷумла кошикориҳо, деворнигораҳо ва пайкараҳо босуръат вайрон карда мешаванд.

Ҷамшед Ҷӯраев, кошикори ҷавон мегӯяд, "масъалаи калон, ҳамин кошикориҳо дар биноҳои истиқоматӣ ҳастанд. Медонед, ки ҳоло дар мо шаҳрсозӣ дар авҷ аст. Мушкил ин аст, ки кандани кошикориву дар дигар ҷой часпонидани онҳо имконнопазир аст".

Ҳоло шикояти меъморону фарҳангиёни Тоҷикистон ин аст, ки ҳар бинои кӯҳнаеро, ки ба нақшаи нави шаҳрсозӣ мувофиқат накунад, аз байн мебаранд ва ба ҷойи он бинои дигаре месозанд ва таърихи гузаштаро нобуд мекунанд.

На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ айни кор идома дорад. Панҷ кишвари собиқи шӯравӣ 35 сол пеш соҳибистиқлол шуданд ва аз он замон баъд, симои шаҳрҳои онҳо ба як омехтаи беназми биноҳои баландошёнаи нав, неоклассисизми даврони Сталин кулбаҳои вайрона ва сохтмонҳои нотамом табдил ёфтааст. Аз ҷумла дар Қирғизистон.

Олтиной Худойбергенова, ташаббускори ҳифзи мероси пешин мегӯяд,"ҳадафи бисёре аз кошикориҳои замони шӯравӣ расонидани як идеологияи буд, даъват ба чизе буд, вале муҳим арзиши ҳунарии онҳост. Аз ин кошикориҳо инсон эҳсоси ҳунар, ҳамоҳангӣ ва дар умум эҳсоси зебоӣ мегирад".

Хабаргузории "Франс пресс" мегӯяд, ин бозсозиҳои меъморӣ бо ангезаҳои идеологӣ сурат мегирад, то барои ақидаҳои боқимондаи шӯравӣ ҷойе нагузорад.

Раҳбарони кишварҳои минтақа, ки ҳама қудратро ба даст гирифтаанд, худро бунёдгузорони даврони нав муаррифӣ мекунанд ва мероси худро бо рамзҳои нави қудрат устувор месозанд.

Афсари собиқи ВКД-и Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст

Афсари собиқи ВКД-и Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст..

Ҷасад ё пайкари як сарҳанг (полковник)-и собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро, ки дар ҷанги...

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида мешаванд

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида..

Фаронсавӣ аз тарси паҳншавии хантавирус ба дорухонаҳо барои харидани ниқобҳои тиббӣ шитофтанд, хабар...

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, хабар доданд, ки фарзанди онҳо давоми чанд рӯз боз бедарак гардидааст.

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия..

Волидайни ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, хабар доданд, ки...

Дар Испания шумораи рекордии фавтҳо аз сабаби таъсири гармӣ ба қайд гирифта шудааст

Дар Испания шумораи рекордии фавтҳо аз сабаби таъсири гармӣ ба қайд..

Дар Испания шумораи фавтҳои марбут ба ҳарорати баланд дар ин тобистон ба яке аз баландтарин...

Дар Маркази Маскав муовини раиси идораи яке аз бонкҳои калонтарини Қрим кушта шуд

Дар Маркази Маскав муовини раиси идораи яке аз бонкҳои калонтарини..

Муовини раиси раесати яке аз бонкҳои калонтарини Қрим Генбанк имрӯз, 18 август дар САДАМАИ нақлиетӣ дар...

Қотил ва рақиб

Қотил ва рақиб..

17 август Unitree robotics-и чин дар Weibo видеои сӣ сонияро бо номи чаожэнь, Яъне Супермен ҷойгир...

Комментарии (0)