Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

"Аз даҳ моҳ камтар кор кунӣ, ҳаққи иқомат бекор мешавад". Тарҳи нав дар Дума

"Аз даҳ моҳ камтар кор кунӣ, ҳаққи иқомат бекор мешавад". Тарҳи нав дар Дума

Қарор аст, ба зудӣ Думаи давлатии Русия қонунеро ба баррасӣ бигирад, ки ба эҳтимоли зиёд ба зиндагӣ ва кори садҳо ҳазор муҳоҷир аз ҷумла, аз Осиёи Марказӣ таъсири бад мегузорад, ё зиндагии онҳову оилаҳояшонро душвор месозад.

Ба гуфтаи Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, бар асоси ин тарҳи қонун, санадҳои ҳаққи иқомат ва иҷозаи ҳаққи иқомати муваққати онҳое беътибор карда мешавад, ки дар як сол камтар аз 10 моҳ камтар кор карда бошанд.

Тарҳе, ки барои баррасӣ дар байни вакилони Думаи давлатӣ тақсим мекунанд, ба гуфтаи Вячаслав Володин, яке аз сиёсатмадорони муҳоҷирситези Русия барои такмили сиёсати муҳоҷират пешбинӣ шудааст.

Ӯ дар саҳифааш дар Телеграм навиштааст, ки тарҳи мазкур ба назорати беҳтари ҳузур, ҷойи кор ва даромади муҳоҷирон дар Русия мусоидат мекунад. Русия мизбони асосии садҳо ҳазор аз муҳоҷирони кории тоҷик ва дар умум миллионҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Агар ин қонунро Думаи давлатӣ қабул кунад, дар он сурат зиндагии садҳо ҳазор муҳоҷир, ки ба Русия на танҳо ҳамчун макони даромади муваққатӣ, балки ҳамчун кишваре барои иқомати дарозмуддат менигаранд, ба куллӣ тағйир меёбад.

Видеоро инҷо бинед:

РВП ё иҷозаи иқомати муваққатӣ ва ВНЖ иҷозаи иқомат қадамҳои аввалия барои гирифтани шаҳрвандии Русия аст. Бархилофи патент, ин санадҳо муҳоҷирро аз пардохтҳои иловагӣ озод ва кафолатҳои иҷтимоиро барои онҳо таъмин мекунанд.

Дар сурати аз даст додани ҳаққи иқомат муҳоҷир маҷбур мешавад, ё Русияро тарк кунад ва ё ба патент баргардад, ки кори зиёду серхарҷ дорад. Дигар ин ки бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар сохтмон, роҳсозӣ ё соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд, ки мавсимӣ ҳастанд. Кор 7–8 моҳ аз баҳор то тирамоҳ идома меёбад ва дар ин муддат муҳоҷирон ба ватан бармегарданд.

Талаботи кори 10-моҳа дар 12 моҳи сол, ҳузури коргарони мавсимиро номумкин месозад. Онҳо маҷбур мешаванд, зимистон ё ҷойи кори сохта ҷӯянд ва ё соҳаи фаъолияти худро иваз кунанд. Асосан иҷозаи иқоматро онҳое мегиранд, ки оилаҳои худро ба Русия кӯчонидаанд.

Агар сарвари хонавода мақоми худро ба сабаби собиқаи нокифояи корӣ аз даст диҳад, дар он сурат тамоми аҳли хонавода, аз ҷумла кӯдаконе, ки ба мактабу кӯдакистонҳои Русия мераванд, ба хатари депортатсия ё ихроҷ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, ки Радиои Озодӣ бо онҳо сӯҳбат кард, қабули тарҳи қонуни нав ба маънои танг шудани имконияти кору зиндагии муҳоҷирон дар Русия хоҳад буд, ки бе ин ҳам дар чанд соли ахир маҳдуду сахттар шудааст.

Бино ба омори расмии ҳукумат, соли 2025 аз Тоҷикистон бештар аз 702 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ ва аксаран ба Русия рафтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024 тақрибан 100 000 нафар камтар аст.

Семен Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон 11-уми майи имсол дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфт, феълан дар Русия беш аз як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кор мекунанд.

Вакилон ва мансабдорони Русия бо қабули даҳҳо тарҳ қариб дар тамоми бахшҳои кору зиндагии муҳоҷирон дар ин кишвар, аз истифодаи замимаву паёмрасонҳои мобилӣ гирифта, то қоидаи убури марзу вуруд ба кишварро дигар карданд. Шумораи қонунҳои нав ва тағйиру иловаҳо танҳо дар соли 2025 аз 35 адад гузаштааст.

Дар Таиланд, як писари 11-сола бо мошин ҳашт монаҳро ба ҳалокат расонд, 18 нафари дигар захмӣ шуданд

Дар Таиланд, як писари 11-сола бо мошин ҳашт монаҳро ба ҳалокат..

В Таиланде восемь монахов погибли, еще 18 пострадали при наезде автомобиля, за рулем которого находился...

11 нафар кушта шуданд, 19 нафари дигар дар Сӯхтори хонаи кӯдакони Алҷазоир осеб диданд

11 нафар кушта шуданд, 19 нафари дигар дар Сӯхтори хонаи кӯдакони..

11 нафар кушта шуданд, 19 нафари дигар рӯзи панҷшанбе дар натиҷаи сӯхтор дар хонаи кӯдакон дар Шаҳри...

Тиктокерҳо духтари 13-соларо дар нома маст карданд ва дар Қазон аз ҷониби издиҳом таҷовуз карданд

Тиктокерҳо духтари 13-соларо дар нома маст карданд ва дар Қазон аз..

Духтарак ҳомиладор шуд ва волидонаш аз ӯ даст кашиданд. Дар Қазон як гурӯҳи наврасон дар як ҷашнвора як...

Бунеди Оғохон кӯшиш мекунад ки соҳаи маорифи Қирғизистонро таҳти назорат гирад

Бунеди Оғохон кӯшиш мекунад ки соҳаи маорифи Қирғизистонро таҳти..

Бунеди Оғохон кӯшиш мекунад, ки соҳаи маорифи Қирғизистонро таҳти назорат гирад. Намояндагони созмон...

Раққосаи маъруф Синди Моралесро рабуда зинда ба зинда сӯзонданд

Раққосаи маъруф Синди Моралесро рабуда зинда ба зинда сӯзонданд..

Духтар дар роҳ ба зиефат нопадид шуд....

Комментарии (0)