Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Дар тасодуфи роҳ дар Ваҳдат 11 кас ҷон бохт

Дар тасодуфи роҳ дар Ваҳдат 11 кас ҷон бохт

Дар садама ё тасодуфи роҳ дар шаҳри Ваҳдат 11 кас ҷон бохтааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳодиса рӯзи 2-юми июл дар ҳудуди деҳаи Элок ва дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ рӯй дод.

Ба иттилои манбаъ, Фирдавс Абдуллоев, ронандаи мошини борбари “Дулан”, бо сабаби кор накардани тормоз ё фишанги исти мошинаш аввал ба як “Опел Зефира” ва сипас ба “Тойота Прадо” бархӯрдааст.

Дар натиҷа 11 нафар, ронандагони “Дулан” ва “Тойота” ва нуҳ мусофир, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, вазири корҳои дохилӣ, сардори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, додситони шаҳри Ваҳдат ва мансабдорони дигар дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Ҷузъиёти ҳодиса муайян ва сабабҳояш таҳқиқ мешавад.

Соли 2023 як мошини борбари "Дулан" дар шаҳри Кӯлоб ба чанд хонаву мошин бархӯрда, сабаби марги даҳ кас ва ҷароҳат бардоштани ёздаҳ тани дигар гашта буд.

Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон тақрибан ҳазору чорсад тасодуфи роҳ ё садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он 643 нафар ҷон бохта ва беш аз якуним ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.

Суръати баланд ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракатро сабаби тасодуфи нақлиётӣ ва маргумири зиёд дар роҳҳои Тоҷикистон медонанд.

Мошинҳои куҳна, роҳҳои ноҳамвор ва беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ аз сабабҳои дигари ин мусибатҳо номбар мешаванд.

 Манбаъ: сомонаи "Радиои Озоди"

ДАР ИМА як марде ки се маротиба аз ҳукми қатл наҷот ефта буд, озод карда шуд

ДАР ИМА як марде ки се маротиба аз ҳукми қатл наҷот ефта буд, озод..

Ричард Глоссип бори аввал Соли 1998 ба ҷазои олӣ маҳкум шуд. Сокини Оклахома (ИМА) Ричард Глоссип, ки...

Шаби 11-уми майи соли ҷорӣ, пас аз ворид гардидани хабари фаврӣ оид ба муноқишаи гурӯҳии ноболиғон, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур фавран ба маҳалли ҳодиса, воқеъ дар кӯчаи Афзалӣ, ҳозир шуданд.

Шаби 11-уми майи соли ҷорӣ, пас аз ворид гардидани хабари фаврӣ оид..

Шаби 11-уми майи соли ҷорӣ, пас аз ворид гардидани хабари фаврӣ оид ба муноқишаи гурӯҳии ноболиғон,...

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум,..

Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад...

Муродов Дилшод — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақами қайди давлатиаш 0223VV03, барои насб ва истифодаи асбобҳои махсуси равшанидиҳанда (мигалка) аз ҷониби кормандони Маркази «Шаҳри бехатар» боздошт гардид.

Муродов Дилшод — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақами..

Муродов Дилшод — ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақами қайди давлатиаш 0223VV03, барои...

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида мешаванд

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида..

Фаронсавӣ аз тарси паҳншавии хантавирус ба дорухонаҳо барои харидани ниқобҳои тиббӣ шитофтанд, хабар...

Комментарии (0)