Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Шикояти деҳқонони Масчоҳ аз рафтори кормандони тақсими барқ

Шикояти деҳқонони Масчоҳ аз рафтори кормандони тақсими барқ

Гурӯҳе аз деҳқонони ноҳияи Масчоҳ аз ҳолатҳои изофанависии пули барқ дар пойгоҳҳои обкашӣ шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, бар замми он, ки ҳосили дуруст намегиранд, масъулони Идораи барқи ноҳия аз меъёр зиёд деҳқононро қарздор намудаанд.

Ин масъала ахиран дар як ҷаласаи ҳукумати маҳаллӣ баррасӣ гардида ва додситонӣ санҷиши онро оғоз кардааст. Масъулони Идораи барқ мегӯянд, ки қонуншиканиҳо ҳастанд ва бояд истифобарандагон усули замонавиро ба кор баранд.

Хӯҷимаҳмад Юлдошев ду гектар замини кишоварзӣ дорад ва дар он бедаву пахта мекорад. Имсол баръакси солҳои пеш умеди гирифтани ҳосили зиёд надорад. Аз камбуди об шикоят дорад.

Ин саҳмдори Хоҷагии деҳқонии "Гули Юлдош" мегӯяд, "талаби ман ин аст, ки об бошаду деҳқон кор кунад ва зиндагиашро пеш барад. Коргарони барқ ин корҳояшонро бас кунанд. Меоянд, дар мавсим барқро хомӯш мекунанд, гулҳои пахта мерезанд, баъд обро медиҳанд, ки дер мешавад".

Гулизор Давлатова, саҳмдори дигари хоҷагии деҳқонии "Гули Юлдош" мегӯяд, "ман ҳар сол аз 8 то 10 ҳазор, ва ба камияш 6 ҳазор сомонӣ месупорам. Боз хоҷагии моро 41 ҳазор сомонӣ қарздор баровардаанд. Мо пахтаро мекорем, моҳи май июн шавад, пойгоҳҳои обкаширо муҳр зада мераванд, ки пул супоред. Дар он ҳолат мо аз куҷо пул супорем? То ҳал мешавад, ки пахта беоб мемонад ва ҳосил талаф мешавад. Ин ҳамааш бар зарари деҳқон аст".

Ба иддаои онҳо, дар зимистон, ки аслан об намемонанд, ба ҳисобашон пули масрафи барқ меояд. Аз ҳамин сабаб даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор шудаанд.

Абушер Муҳаммадизода, саҳмдори Хоҷагии деҳқонии "Абуллобек" мегӯяд, ҳамасола деҳқононҳо аз ҳисоби барқ қарздор мешаванд ва ҳоло ба номи онҳо 84 ҳазор сомонӣ қарз навиштаанд, ки тавони пардохти онро надоранд. Мегӯяд, борҳо ба идораҳои барқи вилояту ноҳия ва дигар ниҳодҳо муроҷиат кардаанд, аммо касе ба додашон намерасад.

Ин вазъ чанд соли ахир ба миён омада, деҳқононро ба танг овардааст.

Гулизор Давлатова, саҳмдори хоҷагии деҳқонии "Гули Юлдош" мегӯяд, "чанд рӯз пеш дар ҳукумати ноҳия маҷлис шуд, деҳқонон хеста дар ин бора гап зададанд. Прокурор супориш додааст, ки назорат сахт шавад".

Масъулони Идораи барқ мушкилотро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки истифобарандагон талаботро риоя намекунанд.

Бобобек Бобобеков, сардори шӯъбаи шабакаҳои тақсимоти барқ дар ноҳияи Масчоҳ гуфт, "барои аз байн бурдани чунин гапҳо, ҳоло насби ҳисобкунакҳои интелектуалӣ (ҳушманд) ба роҳ монда шудааст. Мардум баъзан инро хуш қабул намекунанд. Агар инро мардум риоя кунанд, ман сад фоиз боварӣ дорам, ки ҳамин чизҳо ба пуррагӣ аз байн меравад".

Чанде пеш телевизионҳои давлатӣ ҳам дар як гузориш аз ноҳияи Масчоҳ, қонуншиканиҳои масъулони пойгоҳҳои обкаширо ба намоиш гузошта буданд.

‎Баҳси деҳқонон бо масъулони барқ сари он аст, ки ба фарқ аз аҳолӣ, ҳисобкунакҳоро бояд соҳибони пойгоҳҳои обкашӣ насб кунанд, ки ин харҷу вақт мехоҳад.

Аммо кишоварзон мегӯянд, ки то он давра бояд роҳи

изофанависии пули барқ гирифта шавад ва деҳқонон аз вартаи муфлисӣ берун бароянд.

Тоҷикистон як кишвари кишоварзӣ аст ва мушкилии обёриву дигар хароҷот барои деҳқонон аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад.

Ҷумабоева Ҳилола, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, барои паҳн намудани акс ва наворҳои дорои хусусияти ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.

Ҷумабоева Ҳилола, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, барои паҳн намудани..

Ҷумабоева Ҳилола, сокини 18-солаи шаҳри Душанбе, барои паҳн намудани акс ва наворҳои дорои хусусияти...

Дар Қирғизистон сӯзондани ҷасадҳои мурдагон манъ карда шуд. Қонунро Садир Жапаров имзо кардааст

Дар Қирғизистон сӯзондани ҷасадҳои мурдагон манъ карда шуд. Қонунро..

Президент Садир Жапаров қонунро дар бораи ворид кардани тағйирот ба қонун "дар бораи дафн ва...

Боздошти гумонбарони (“Қаллобӣ дар миқёси махсусан калон”) дар Фаронса

Боздошти гумонбарони (“Қаллобӣ дар миқёси махсусан калон”) дар Фаронса..

Парвандаи ҷиноӣ нисбати номбурда таҳти моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз...

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД..

АЗ ЧУНИН АФРОД ЧИ ГУНА ХУШБАХТӢ ВА ОИЛАИ СОЛИМРО ИНТИЗОР ШУД...

Бозори асосии Ҳисор сӯхт, зарари тоҷиронро кӣ ҷуброн мекунад?

Бозори асосии Ҳисор сӯхт, зарари тоҷиронро кӣ ҷуброн мекунад?..

Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Ҳисор оғоз...

Комментарии (0)