Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

БОЗДОШТИ ЯК ӮЗБЕКИСТОНӢ ДАР ИСРОИЛ ПАС АЗ НАШРИ НАВОРИ ФИРОРИ СОКИНОНИ ИН КИШВАР БА ПАНОҲГОҲҲО

БОЗДОШТИ ЯК ӮЗБЕКИСТОНӢ ДАР ИСРОИЛ ПАС АЗ НАШРИ НАВОРИ ФИРОРИ СОКИНОНИ ИН КИШВАР БА ПАНОҲГОҲҲО
БОЗДОШТИ ЯК ӮЗБЕКИСТОНӢ ДАР ИСРОИЛ ПАС АЗ НАШРИ НАВОРИ ФИРОРИ СОКИНОНИ ИН КИШВАР БА ПАНОҲГОҲҲО
Сафорати Ӯзбекистон дар Исроил боздошти як ӯзбекистониро дар пайи паҳни навори фирори исроилиҳо ба паноҳгоҳҳо шарҳ додааст. Ин ниҳоди дипломатии Ӯзбекистон гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 28-уми феврал рух дод.
Аз ин шаҳрванди Ӯзбекистон, Н.Х. ном бурда мешавад. Ӯ ҳангоми ҳамлаи мушакӣ ба Исроил ва баланд шудани бонги хатар дар ин кишвар дар наворе лаҳзаи фирори исроилиҳо ба паноҳгоҳҳоро сабт ва масхара кардааст.
Нашри ин навор дар “Tik-Tok” боиси хашми исроилиҳо шуда, ба гуфтаи Сафорати Ӯзбекистон, як сокини Исроил ин ҳодисаро ба мақомоти кишвараш хабар додааст.
Навори дастгир шудани муҳоҷири ӯзбекистонӣ ҳам, ки гуфта мешавад барои кор ба ин кишвар рафтааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд.
Сафорати Ӯзбекистон гуфтааст, ки баъди ин, Консулгарии ин кишвар бо ин марди ӯзбекистонӣ тамос гирифтааст.
Маълум нест, ки ӯ раҳо шудааст, ё не. Вале Сафорати Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки ҳоло шаҳрвандаш дар амн аст ва Консулгарии ин кишвар ҳодисаи мазкурро зери назорат гирифтааст.
Гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ховалинг

Гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ховалинг..

Гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ховалинг...

Модар духтарашро аз балкони ошенаи 10-ум дар Наздикии Маскав партофт

Модар духтарашро аз балкони ошенаи 10-ум дар Наздикии Маскав партофт..

Духтар зинда монд, ӯро дар беморхона бистарӣ карданд....

Кишварҳои Осие метавонанд пас аз се ҳафта бидуни нафт бимонанд

Кишварҳои Осие метавонанд пас аз се ҳафта бидуни нафт бимонанд..

Бо сабаби ҷанг дар Эрон, Кишварҳои Ассотсиатсияи Осиеи Ҷанубу Шарқӣ эътимоди ХУДРО ба ИМА зуд гум...

Роналду пас аз бозии"Ал-Насра" латукӯб кард

Роналду пас аз бозии"Ал-Насра" латукӯб кард..

Ҳамлагари "Ал-Насра" Криштиану Роналду дар бозии даври 29-уми чемпионати Арабистони Саудӣ бо...

Ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон, мутаассифона, дар заминаи беназоратӣ ва каммасъулиятии баъзе аз волидайн, ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ, бедаракшавии кӯдакон ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо бо иштироки ноболиғон ба қайд г

Ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон,..

Ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон, мутаассифона, дар заминаи беназоратӣ...

Боздошти як ҷавон дар Душанбе бо гумони қаллобӣ дар назди “Маркази сершуғли муҳоҷират”

Боздошти як ҷавон дар Душанбе бо гумони қаллобӣ дар назди “Маркази..

Боздошти як ҷавон дар Душанбе бо гумони қаллобӣ дар назди “Маркази сершуғли муҳоҷират”...

Комментарии (0)