Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико дар Абу-Забӣ оғоз шуд

Музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико дар Абу-Забӣ оғоз шуд
Музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико дар Абу-Забӣ оғоз шуд
Дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ даври нави музокироти сеҷониба барои ҳалли ҷанги Русия дар Украина оғоз ёфт. Намояндагони Русия, Украина ва Амрико пас аз наздики 9 моҳ дигарбора сари мизи музокира нишастанд.
Ҳайати Русияро Владимир Мединский, ёвари раисҷумҳуриин кишвар, роҳбарӣ мекунад. Ба ин ҳайат, ҳамчунин, Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва Алексей Комков, сардори Хадамоти робитаҳои байналмилалии Хадамоти федеролии амният (ФСБ)-и Русия шомиланд. Ҳайати Украинаро Рустам Умаров, раиси Созмони иттилоотии хориҷии ин кишвар роҳбарӣ мекунад. Аз сӯйи Амрико Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер, фиристодаҳои раисҷумҳури ин кишвар дар музокирот иштирок доранд.
Мединский дар маросими оғози музокирот гуфт, ки ҳайати Русия умедвор аст, "нишасти имрӯза имкон медиҳад дар роҳи расидан ба сулҳ ба хотири манфиатҳои мардуми Русия ва Украина пешрафт ҳосил шавад".
Умаров ҳам дар саҳифаи "Телеграм"-аш навишт, ки "дар рӯзномаи музокирот масъалаҳои калидии қатъи даргириҳо ва наздиктар шудан ба сулҳ қарор доранд".
Қарор аст ҷонибҳо кафолатҳои амниятӣ, чораҳои коҳиши таниш, масъалаҳои башардӯстона ва гомҳои эҳтимолии минбаъда барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украинаро баррасӣ кунанд.
Қаблан Уиткофф гуфта буд, ки иштирокдорони музокирот тавофуқҳои эҳтимолии ояндаро баррасӣ хоҳанд кард.
Музокироти сеҷониба байни Русия, Украина ва Амрико рӯзҳои 10-11 ноябр дар Абу-Забӣ баргузор мешавад. Дар он як ҳайати аврупоӣ ҳам ҳузур дорад, аммо мустақиман дар гуфтугӯҳо иштирок намекунад. Интизор меравад, ки яке аз мавзуъҳои асосии музокирот сохтори амниятии Аврупо пас аз поёни ҷанг бошад.
Коршинос: Роҳбари Амнияти Миллӣ Трампро бо эътирофи Худ Дар Конгресси Эрон ғарқ мекунад

Коршинос: Роҳбари Амнияти Миллӣ Трампро бо эътирофи Худ Дар Конгресси..

Директори иктишофии Миллии ИМА (аз ҷониби ҷомеаи иктишофии амрико назорат карда мешавад) Тулси Габбард...

Дар Қазоқистон як ҳавопаймои бесарнишини эронӣ суқут кард

Дар Қазоқистон як ҳавопаймои бесарнишини эронӣ суқут кард..

Дар Қазоқистон як ҳавопаймои бесарнишини эронӣ суқут кард. Дар ин бора рӯзномаи "ҳафтаи...

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Меликова Тахмина ва Буриева Шаҳноза сокинони шаҳри Душанберо бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир намуданд.

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе..

Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Меликова Тахмина ва Буриева Шаҳноза...

Намояндаи доимии ИМА Уолтс: муноқиша бо Эрон Дигар Ироқ нахоҳад буд

Намояндаи доимии ИМА Уолтс: муноқиша бо Эрон Дигар Ироқ нахоҳад буд..

Дар Айни замон, Уолтс имкони амалиети заминӣ дар Эронро аз Ҷониби Иелотҳо истисно накард.Муноқишаи ИМА...

Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва дигар маводҳои мадҳушкунанда, идора намудани воситаи нақлиёт метавонад сабабгори рух додани садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ гардад.

Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва..

Дар ҳолати сархушӣ, махсусан ҳангоми истеъмоли воситаҳои нашъадор ва дигар маводҳои мадҳушкунанда, идора...

Комментарии (0)