Президент Раҳмон: подшоҳи Урдунро ба Тоҷикистон даъват кард...
Путин тасдиқ кард, ки музокирот дар Абу-Дабӣ барои 10 ноябр ба нақша гирифта шудааст.
ТАСС бо истинод ба изҳороти президенти Русия Владимир Путин хабар дод, ки музокироти сеҷониба байни Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Украина дар Абу-Дабӣ рӯзи сешанбе, 10 ноябр баргузор мешавад.
6 ноябр Путин бо Шӯрои Амнияти Русия дар бораи музокироти Абу-Дабӣ мулоқот баргузор кард. Дар ин мулоқот намояндагони ҳайати Русия: ёварони президент Владимир Мединский, ки ҳайати Русияро дар ин музокирот роҳбарӣ мекунад ва Юрий Ушаков; муовинони вазирони корҳои хориҷӣ Михаил Галузин ва Сергей Рябков; сардори Раёсати асосии иктишофии Ситоди кулли Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия Игор Костюков; ва муовини сардори Раёсати асосии амалиётии Ситоди кулли Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия Юрий Жигарловский иштирок карданд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои украинӣ бо истинод ба мушовири коммуникатсионӣ Дмитрий Литвин хабар доданд, ки ҳайати Украинаро дар музокироти сеҷониба дар Абу-Дабӣ раиси Хадамоти иктишофии хориҷии Украина Рустем Умеров намояндагӣ мекунад. Дар ҳайати мазкур Кирилл Буданов, роҳбари дафтари Зеленский низ ҳузур хоҳад дошт.
Қаблан, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки музокирот ба кафолатҳои амниятии мутақобила барои Русия ва Украина тамаркуз хоҳад кард.


















