Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Кишварҳои арабӣ аз Амрико хостанд, ба нерӯгоҳҳои Эрон ҳамла накунад

Кишварҳои арабӣ аз Амрико хостанд, ба нерӯгоҳҳои Эрон ҳамла накунад

Ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва мушакпартоии Эрон ба Исроил ва кишварҳои минтақа шаби якшанбе ва субҳи душанбе ҳамчунон идома кард. Ба гузориши як расонаи ғарбӣ ва як рӯзномаи исроилӣ, кишварҳои арабии Халиҷи Форс аз Амрико хостаанд, ки ба неругоҳҳои Эрон ҳамла накунад

Хабаргузории Форс, наздик ба Сипоҳи посдорон субҳи душанбеи 23-юми гузориш дод, ки чанд минтақа дар Теҳрон ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор гирифтаанд ва садои таркишҳои сахте ба гӯш расид.

Ба гуфтаи ин манбаъ, "ҷузъиёти бештар аз хисорот ва талафоти эҳтимолӣ баъдан эълон мешавад".

Хабарнигори шабакаи "Ал-Ҷазира" дар Теҳрон низ аз таркишҳои "бесобиқа" ба вижа дар маҳаллаҳои шарқии пойтахти Эрон хабар дод. Гуфта мешавад сомонаҳои дифои ҳавоӣ низ дар бахши шарқии Теҳрон фаъол буданд.

Ҳамзамон артиши Исроил эълом кард, ки "даври нави ҳамлаҳои густурда"-ро алайҳи иншоотҳои давлатӣ дар Теҳрон оғоз кардааст.

Артиши Исроил шоми якшанбеи 22-юми март дар паёме дар Телеграм навишт, "мо ба ҳамла ба тамоми сомонаҳои дифоӣ ҳавоӣ ва зерсохтоҳои режимро идома медиҳем ва ҳамчунин ба таври фаъол дар ҳоли таъқиби неруҳо ва фармондеҳони он ҳастем".

Ба навиштаи хабаргузории Форс ва Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, фиристандаи радиоии Бандараббос низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Ин хабарро бошгоҳи Хабарнигорони ҷавон ҳам нашр кардааст.

Расонаҳои дохилии Эрон аз рух додани таркишҳо дар Исфаҳон ва Шероз низ гузориш шудааст. Дар ҷануби Эрон низ расонаҳои расмӣ аз ҳамла ба Хуррамшаҳр хабар доданд. Муовини раиси вилояти Хузистон эълом кард, ки дар пайи ҳамла бахшҳое аз як корхонаи саноати дарёӣ осеб дид ва се нафар захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол ҳамлаҳои мушакии Эрон ба Исроил ва кишварҳои минтақа низ ҳамчунон идома дорад. Расонаҳо гузориш доданд, ки дар пайи афтидани пораҳои мушакҳои Эронӣ дар ҷануб ва маркази Исроил чанд таркиш рух додаааст. Ин ҳодисаҳо хисорот дар пай доштааст, аммо ҷузъиёти бештари он маълум нест.

Мақомоти Исроил 22-юми март эълон карданд, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон 175 кас дар Исроил захмӣ шудаанд. Аз ҷумла 115 кас дар шаҳри Арад маҷруҳ гардиданд. Мақомоти Исроил ҳамчунин аз ҳамлаи Эрон ба шаҳри Димона хабар доданд, ки дар наздикии пойгоҳҳои ҳастаии Исроил ҷойгир аст. Ин маконҳо расман ҳамчун маркази таҳқиқотӣ арзёбӣ мешаванд.

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ субҳи душанбеи 23-юми март хабар дод, ки сомонаҳои зиддиҳавоии ин кишвар паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишинро дар шимоли ин кишвар сарнагун кардаанд. Пештар низ чандин паҳпод дар қисмати шарқии Арабистон нобуд шуда буд.

Вазорати дифои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам эълом кардааст, ки сомонаҳои мудофиаи ҳавоӣ дар ҳоли муқовимат бо мушак ва паҳподҳо аз сӯи Эрон ҳастанд. Артиши Кувайт низ ба ин мазмун хабаре нашр кардааст. Вазорати корҳои дохилии Баҳрайн аз шаҳрвандон хост, оромиши худро ҳифз карда ва ба наздиктарин макони амн раванд.

Кишварҳои арабӣ аз Иёлоти Муттаҳида хостаанд, аз ҳамла ба неругоҳҳои Эрон худдорӣ кунад, чун ин кор метавонад боиси иқдоми талофиҷӯёнаи Эрон шавад. Рӯзи 21-уми март Доналд Трамп ба Теҳрон 48 соат фурсат дод, ки тангаи Ҳурмузро боз кунад, дар акси ҳол Амрико ба калонтарин неругоҳҳои Эрон ҳамла хоҳад кард.

Рӯзномаи "Wall Street Journal" рӯзи душанбеи 23-юми март аз қавли манобеи огоҳ аз қазия хабар дод, ки "кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба давлати Амрико ҳушдор додаанд, ки ҳамла ба неругоҳҳои барқии Эрон метавонад ба иқдомоти талофиҷӯёна аз сӯи Эрон сабаб шавад. Иқдоме, ки таъсисоти энергетикӣ ва оби ин кишварҳоро дар рубарӯи хатар қарор дода, иқтисоди ҷаҳониро таҳдид мекунад”.

Рӯзномаи "Ҷерусалим пост" ҳам рӯзи якшанбеи 22-юми март навишт, чанд кишвари ҳавзаи Халиҷи Форс аз раиси ҷумҳури Амрико хостаанд, аз ҳамла ба неругоҳҳои Эрон худдорӣ кунад.

Тангаи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои энержии ҷаҳон аст ва тақрибан аз панҷ як ҳиссаи нафт ва гази содиротии ҷаҳон аз ин масир мегузарад. Сипоҳи посдорони Эрон дар рӯзҳои охир ҳамлаҳоро ба киштиҳо дар ин оброҳа бештар кардааст.

The Telegraph: Трамп метавонад Ба Рютте дар бораи рад кардани ҳимояи КИШВАРҲОИ НАТО бигӯяд

The Telegraph: Трамп метавонад Ба Рютте дар бораи рад кардани ҳимояи..

Трамп метавонад ҳар кори аз дасташ меомадаро кунад, то БА НАТО зарар расонад. Президенти ИМА Доналд...

Трамп талаб кард, Ки Ба попи рум хабар дода шавад, Ки Эрон 42 ҳазор эътирозгарро куштааст

Трамп талаб кард, Ки Ба попи рум хабар дода шавад, Ки Эрон 42 ҳазор..

Раҳбари амрико аз мавқеи поп изҳори норозигӣ кард. Президенти ИМА Доналд Трамп 14 апрел талаб кард, ки...

Собиқ скаут Риттер: Эрон ИМА-ро мағлуб кард Ва Исроил наметавонад танҳо ҷанг кунад

Собиқ скаут Риттер: Эрон ИМА-ро мағлуб кард Ва Исроил наметавонад..

Оғози ҷанги има бо Эрон-ин Интихоби Вашингтон буд, на зарурат. Дар ин бора рӯзи 8 апрел Собиқ...

Исроил бомбаборони Эронро идома дод

Исроил бомбаборони Эронро идома дод..

Артиши Мудофиаи Исроил (ЦАХАЛ) бо вуҷуди эълони оташбас дар Шарқи Наздик, ба эрон зарба мезанад, хабар...

Эрон ба ИМА шароити сулҳро дар пасманзари вазъи Ағбаи Ормуз дикто мекунад

Эрон ба ИМА шароити сулҳро дар пасманзари вазъи Ағбаи Ормуз дикто..

Теҳрон ба таслимшавӣ намеравад ва аллакай қоидаҳои нави киштигардиро тавассути ағбаи Ормуз таҳия...

Трамп дастур дод, ки зарбаҳо ба инфрасохтори энергетикии Эрон панҷ рӯз ба таъхир гузошта шаванд

Трамп дастур дод, ки зарбаҳо ба инфрасохтори энергетикии Эрон панҷ..

Президенти Има Доналд Трамп ба низомиен дастур дод, ки зарбаҳоро ба инфрасохтори энергетикии Эрон дар...

Комментарии (0)