Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Истеъфои як мақомдори амрикоӣ дар эътироз ба ҷанг зидди Эрон

Истеъфои як мақомдори амрикоӣ дар эътироз ба ҷанг зидди Эрон

Мудири маркази зиддитерористии Оҷонсии амнияти миллии Амрико дар мухолифат бо ҷанги зидди Эрон аз мақомаш истеъфо дод.

Ҷо Кент бо интишори баёния дар шабакаи X навишт, наметавон "бо виҷдони роҳат аз ҷанги феълӣ бо Эрон ҳимоят кунад".

Кент ҳамчунин навиштааст, "Эрон ҳеч таҳдиди фаврӣ барои Амрико набуд ва рӯшан аст, ки мо ин ҷангро таҳти фишори Исроил ва тарафдорони қудратмандаш дар Амрико шуруъ кардем".

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, Кохи Сафед ба дархости фаврӣ барои вокуниш ба ин истеъфо посух надод. Ҷо Кент бо вуҷуди истеъфо изҳори умедворӣ кардааст, ки Доналд Трамп роҳи худро тағйир медиҳад ва "масири наверо барои Иёлоти Муттаҳида дар пеш мегирад".

Ҷо Кент як собиқадори ҷанг аст, ки 20 сол дар сафи неруҳои вижа хидмат кардааст. Кент баландтарин мақомдори ҳукумати Трамп аст, ки дар эътироз бо ҷанг зидди Эрон аз мақомаш истеъфо медиҳад.

Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд ва ин ҷанг то кунун идома дорад.

Президент Доналд Трамп гуфт, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо аз байн бурдани имкониятҳои низомии Эрон ва пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ аст. Эрон мегӯяд, ки ҳадафи барномаи ҳастаияш сулҳомез аст.

Tasnim: ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ Эрон ба амалиети ЗАМИНИИ ИМА омодаанд

Tasnim: ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ Эрон ба амалиети ЗАМИНИИ ИМА омодаанд..

Эрон ният дорад, ки агар ИМА таҳдидҳои худро амалӣ кунад, қатъиян амал кунад. Нерӯҳои Мусаллаҳи Эрон...

Эрон кӯшиш мекунад, ки доираи харидорони нафти худро васеъ кунад

Эрон кӯшиш мекунад, ки доираи харидорони нафти худро васеъ кунад..

Дар пасманзари 60 рӯзи сабук кардани таҳримҳои ИМА, ки ба афзоиши муваққатии содирот ва боркашонии...

Бӯҳрони режими саҳюнистӣ | вазъи Ҷаҳонии Исроил дар ҳолати таърихан бадтарин; Огоҳии нависандаи исроилӣ

Бӯҳрони режими саҳюнистӣ | вазъи Ҷаҳонии Исроил дар ҳолати таърихан..

Нависанда Ва фаъоли исроилӣ Ҳейн Мазиг изҳор дошт, ки симои ҷаҳонии режими саҳюнистӣ аз замони...

Эрон истеҳсоли мушакҳои зарбазадаро ПУРРА барқарор кард КСИР

Эрон истеҳсоли мушакҳои зарбазадаро ПУРРА барқарор кард КСИР..

Эрон истеҳсоли мушакҳои аз зарбаҳои ҳавоии амрико зарардидаро пурра барқарор кард ва онҳоро дар ҷойҳои...

Дар Лубнон 50 нафар дар натиҷаи бомбаборони Исроил кушта шуданд

Дар Лубнон 50 нафар дар натиҷаи бомбаборони Исроил кушта шуданд..

Дар давоми рӯзҳои гузашта дар бомбаборони Нерӯҳои исроилӣ Дар Қаламрави Лубнон ҳадди аққал 50 нафар...

Гитлер Муссолинӣ дар интихоботи Перу пирӯз шуд.

Гитлер Муссолинӣ дар интихоботи Перу пирӯз шуд...

Дар Перу интихоботи шаҳрдорон дар ноҳияи хурди Керопалка дар минтақаи Хуануко баргузор шуд ва номзаде...

Комментарии (0)