Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Аз амнияти озуқаворӣ то рушди сайёҳӣ: Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат чиро баррасӣ кард?

Аз амнияти озуқаворӣ то рушди сайёҳӣ: Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат чиро баррасӣ кард?
Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии раисҷумҳури кишвар баргузор шуд, чанд масоили муҳим, аз ҷумла рушди соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ахиран таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишвар баргузор гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар маҷлис нахуст раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода дар бораи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031 гузориш дод.
Вай зимни муарифии барнома қайд кард, ки он барои муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо ва самтҳои рушди устувори сайёҳии дохилӣ таҳия шудааст.
“Барнома барои мусоидат ба эҷоди фазои босифати сайёҳӣ ва ҳавасмандгардонии рушди минбаъдаи сайёҳии дохилӣ баланд бардоштани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ, ҳифзи таърихи бостонӣ, муаррифии манзараҳои ҷолиби кишвар, тарғиби фарҳанги миллӣ ва дигар ҷаззобиятҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст”, - қайд кардааст манбаъх.
Ҳамчунин дар ин маҷлис иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 2 миллиону 400 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар намуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин маҷлис таъкид кард, барои боз ҳам афзун гардидани шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон имкону захираҳо хеле зиёданд, ки бояд пурсамар истифода шаванд.
Кишвардори Тоҷикистон супориш дод, ки барнома ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он тасдиқ гардида, татбиқи онҳо самарабахш ба роҳ монда шавад.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар кишвар барои солҳои 2027-2031 баррасӣ гардид.
Лоиҳаи бо мақсади мусоидат ба рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагии бадеӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳанг, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва ба талаботу шароити муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо таҳия шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии барномаи мазкур ба сохторҳои марбута дастур додааст.
Инчунин дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи сиёсати аграрӣ ва дар бораи муҳоҷират баррасӣ шуда, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Нақшаи амали Барномаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 низ баррасӣ ва қабул карда шуд.
Дар фароварди маҷлис раисҷумҳури кишвар ба ҳукумат вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар саросари кишвар ба таври бошукуҳу шаҳомат таҷлил намудани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ вазифагузорӣ намуд.
Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза зимни адои хизмат шумораи зиёди қоидавайронкуниҳоро ошкорр менамояд.

Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе..

Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза зимни адои хизмат шумораи...

Сардори як раёсати Сипоҳи посдорони Эрон кушта шуд

Сардори як раёсати Сипоҳи посдорони Эрон кушта шуд..

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 6-уми апрел эълон кард, ки Маҷиди Ходимӣ, раиси созмони иттилоот...

Раҷабов Дилшод, сокини 43-солаи шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир карда шуд.

Раҷабов Дилшод, сокини 43-солаи шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони..

Раҷабов Дилшод, сокини 43-солаи шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ...

Кишварҳои Осие метавонанд пас аз се ҳафта бидуни нафт бимонанд

Кишварҳои Осие метавонанд пас аз се ҳафта бидуни нафт бимонанд..

Бо сабаби ҷанг дар Эрон, Кишварҳои Ассотсиатсияи Осиеи Ҷанубу Шарқӣ эътимоди ХУДРО ба ИМА зуд гум...

Ронандаи мактаб духтари 12-солаи гирифтори аутизмро таҷовуз кард

Ронандаи мактаб духтари 12-солаи гирифтори аутизмро таҷовуз кард..

ДАР ИМА духтари 12-солаи аутизм пас аз таҷовузи падаркалонаш худкушӣ кард.Дар Коннектикут ронандаи...

Мӯҳлати интихоби раҳбари олии Эрон ҳанӯз муайян нашудааст

Мӯҳлати интихоби раҳбари олии Эрон ҳанӯз муайян нашудааст..

Дар Эрон ҳанӯз мӯҳлати интихоби раҳбари нави олӣ муайян нашудааст. Дар ИН бора узви шӯрои коршиносон,...

Комментарии (0)