Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Эълони кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ

Эълони кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ

Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз даври нави қабули муҳоҷирон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.

Сабтиноми муҳоҷирон барои ширкат дар имтиҳони кор дар Корея рӯзи 10-уми август баргузор мешавад. Ҳаққи сабтином 330 сомонӣ будааст.

Мақомот мегӯянд, барои ширкат дар имтиҳонҳои “EPS topik”, довталаб бояд аз 18 то 39-сола бошад, забони кореягиро донад, доғӣ судӣ надошта бошад ва қаблан аз Корея ихроҷ ё депорт нашуда бошад.

Дар хабари расмӣ омадааст, ки муҳоҷирон барои кор дар “бахши истеҳсолот” дар Корея ҷалб карда мешаванд. Дар бораи шарту шароит ва музди кор тафсилот дода нашудааст.

Дар пайи зиёд шудани фишор ва рейду санҷишҳои пулис дар Русия, муҳоҷирони тоҷик талош доранд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ барои кор раванд.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар як таҳлили худ гуфтааст, соли 2024 дар Кореяи Ҷанубӣ 6 ҳазору 339 шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси визаҳои кӯтоҳу дарозмуддат қарор доштанд. Беш аз сӣ дарсади онҳо занон будаанд.

Ҳар сол ҳазорҳо сокини Тоҷиикстон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба хориҷа мераванд. Ҳарчанд мақомот пули фиристодаи онҳоро намегӯянд, созмонҳои байнулмилалии молие ба мисли Бонки ҷаҳонӣ эътироф мекунанд, ки пули муҳоҷирон асоси рӯзгузаронии хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст.

Исроил ҳангоми дафн ба қабристони Лубнон ҳамла кард

Исроил ҳангоми дафн ба қабристони Лубнон ҳамла кард..

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи ҳамлаи исроил 10 нафар кушта ва ҳадди аққал 18 нафар захмӣ шуданд....

Шумораи кӯдаконе, ки дар Натиҷаи хуруҷи бемории сил дар Бангладеш кушта шуданд, аз 780 нафар зиед буд

Шумораи кӯдаконе, ки дар Натиҷаи хуруҷи бемории сил дар Бангладеш..

Дар натиҷаи эпидемияе, ки дар Бангладеш аз миенаи моҳи март идома дорад, танҳо дар 24 соати охир панҷ...

Курьер суруди солинавӣ мехонд, ки кӯдакро дар фургон мекушт

Курьер суруди солинавӣ мехонд, ки кӯдакро дар фургон мекушт..

Дар камера дар фургон дақиқаҳои охири ҳаети духтар сабт шудааст....

Вокуниши мақомот ба нашри навори “латукӯби як кӯдак аз сӯйи модараш”

Вокуниши мақомот ба нашри навори “латукӯби як кӯдак аз сӯйи модараш”..

Вокуниши мақомот ба нашри навори “латукӯби як кӯдак аз сӯйи модараш”...

Раҳмон дар Қирғизистон бо Гутерриш ва Пашинян чиро баррасӣ кард?

Раҳмон дар Қирғизистон бо Гутерриш ва Пашинян чиро баррасӣ кард?..

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо...

Киркоров аз кушодани тиҷорати нав дар Русия манъ карда шуд

Киркоров аз кушодани тиҷорати нав дар Русия манъ карда шуд..

Арсен Айрапетов низ чунин манъкуниро дар бар мегирад.пештар ӯ дар тӯли якчанд сол ҳамчун стилисти...

Комментарии (0)