Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Нигаронии Раҳмон аз бозори сӯхт: Дастури президент барои зудтар ворид кардани сӯзишворӣ

Нигаронии Раҳмон аз бозори сӯхт: Дастури президент барои зудтар ворид кардани сӯзишворӣ
Раисҷумҳури кишвар дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулин дастур дод, ки вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил намоянд
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулинро вазифадор намуд, ки бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи маводи сӯхт ва барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур ҳамчунин дастур ба масъулин дастур додааст, ки вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил намоянд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Хадамоти зиддиинҳисории назди давлати Тоҷикистон, рух додани буҳрони эҳтимолии сӯхт дар кишварро баъид медонад.
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳайдаралӣ Шарифзода, зимни нишасти матбуотии ахир таъкид кард, ки Тоҷикистон беш аз 90%-и маҳсулоти нафтии худро аз Русия мехарад, ки худ ба наздикӣ аз сабаби мушкилот бо Украина бо норасоии сӯзишворӣ рӯбарӯ гардидааст, изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ дар бораи ҷамъбасти нимсолаи аввали сол.
Вай гуфт, ки Тоҷикистон дар ҳар сурат бо бӯҳрони сӯзишворӣ рӯбарӯ нест, зеро кишвар барои ду моҳи оянда маҳсулоти нафтии кофӣ дорад. Дар ҳоле ки кишвар қисми зиёди фаровардаҳои нафти худро аз Русия (тақрибан 91,1%) ворид мекунад, он инчунин аз Беларус (2,8%), Туркманистон (1,9%), Қазоқистон (1%), Ӯзбекистон (0,9%) ва Қирғизистон (0,9%) таъминот мегирад ва 1,5%-и боқимонда аз дигар кишварҳо ин маҳсулот харидорӣ мекунад.
Бар асоси омори гумрукӣ, Тоҷикистон дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ 599,5 ҳазор тон фаровардаҳои нафтиро ба арзиши 494,7 миллион доллар ва бо миёнаи қимати 825 доллар барои ҳар тон ворид кардааст. Ин рақам нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 35,9 ҳазор тон бештар буда, миёнаи қимати воридот низ 38 доллар ё 4,8 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар нимаи аввали имсол нархи сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон 54 дарсад афзуда, ҳоло як литри он аз 15 то 16,7 сомонист.
Нархи бензин ҳам дар ним сол 26 дарсад гарон шуда, як литри он то 12 сомонӣ арзиш дорад. Арзиши гази моеъ дар ним сол бетағйир мондааст.
Тибқи омори ин Хадамот, аз моҳи январ то июни имсол ба кишвар қариб 600 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, бензин ва сӯхти ҳавопаймо (керосин) ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан чил ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар ин давра ҳамчунин ба Тоҷикистон 241 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи аз байн бурдани маблағи 100 сомони

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи аз байн бурдани..

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳаи нақлиёт дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо...

Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт дар Осиёи Марказӣ саҳм гузорад

Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши нафт дар Осиёи..

Роҳбари бунёди рушди Русияву Қирғизистон гуфт, ки Русия метавонад дар сохтмони корхонаи бузурги полоиши...

Дархости Раҳмон аз Тоқаев барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон

Дархости Раҳмон аз Тоқаев барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз..

Роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон дар дидор аз суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар...

Табодули коло миёни Тоҷикистону Эрон ба маротиб афзоиш ёфт

Табодули коло миёни Тоҷикистону Эрон ба маротиб афзоиш ёфт..

Тоҷикистону Эрон ният доранд ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақлро тақвият бахшанд. Азим Иброҳим, вазири...

Қотил ва рақиб

Қотил ва рақиб..

17 август Unitree robotics-и чин дар Weibo видеои сӣ сонияро бо номи чаожэнь, Яъне Супермен ҷойгир...

Комментарии (0)