Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон қариб панҷ маротиба афзоиш ёфтааст

Суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон қариб панҷ маротиба афзоиш ёфтааст
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки суръати интернети собит дар ду соли оянда ба 100 Мбит/с расонида мешавад
Суръати миёнаи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон аз 7,2 Мбит/с дар аввалҳои соли 2025 то ба 35,4 Мбит/с дар соли 2026 афзоиш дода шудааст.
Дар ин бора Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, хабар додааст.
Ҳамин тариқ, дар ин давра суръати миёнаи интернети мобилӣ дар кишвар қариб панҷ маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар маводи оҷонсӣ қайд карда мешавад, ки ин афзоиш натиҷаи як қатор чораҳо оид ба рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, васеъ кардани шабакаҳои алоқа ва беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои пешниҳодшуда мебошад.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки суръати интернети собит ҳоло ба 48,71 Мбит/с расонида шудаааст.
Мақомот қайд кардааст, ки раванди мазкур идома хоҳад ёфт.
Мақомот қайд кардааст, ки суръати интернети собит дар ду соли оянда ба 100 Мбит/с расонида мешавад.
Ҳамчунин мақомот гуфт фаъолияти "Starlink", ки дар Тоҷикистон расман ба фаъолият оғоз намуд, барои чӣ лозим аст.
Ин иқдом имкониятҳои дастрасӣ ба интернетро, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва душворгузари кишвар васеъ намуда, ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва баланд бардоштани фарогирии хизматрасониҳои алоқа мусоидат менамояд.
Дар нимаи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон барои вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет соли ҷорӣ 383 километр хати нахи нурӣ кашида шудааст.
Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, ки 253 километрро ташкил медод 51,4 % зиёд мебошад.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 10611 километр хатҳои нахи нурии алоқа роҳандозӣ гардида, дар соли 2026 кашидани 3387 км хатҳои нахи нурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Камбуди хона як сабаби асосии талоқ дар Тоҷикистон будааст

Камбуди хона як сабаби асосии талоқ дар Тоҷикистон будааст..

Як пажӯҳиши муҳаққиқон дар Тоҷикистон нишон додааст, яке аз сабабҳои асосии ҷудоии хонаводаҳои зиёд дар...

Кӯдаки яксола пас аз заҳролудшавӣ дар меҳмонхонаи Миср вафот кард

Кӯдаки яксола пас аз заҳролудшавӣ дар меҳмонхонаи Миср вафот кард..

Дар ҳамон меҳмонхона ду кӯдаки дигар бемор шуданд, онҳо барқароршавиро идома медиҳанд. Ариэлла Манни...

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида мешаванд

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида..

Фаронсавӣ аз тарси паҳншавии хантавирус ба дорухонаҳо барои харидани ниқобҳои тиббӣ шитофтанд, хабар...

В.В.Путин муҳлати ташхиси муҳоҷирон кам намуд.

В.В.Путин муҳлати ташхиси муҳоҷирон кам намуд...

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки бар асоси он муҳлати ташхиси ҳатмии...

Шумораи қурбониени сӯхтор дар Бинои Сохташавандаи Маскав ба панҷ нафар расид

Шумораи қурбониени сӯхтор дар Бинои Сохташавандаи Маскав ба панҷ..

Шумораи қурбониени сӯхтор дар сохтмон дар шимоли Маскав ба панҷ нафар расид. Дар ин бора рӯзи 28 апрел...

Як афсари ВКД-ро 12 сол зиндонӣ карданд

Як афсари ВКД-ро 12 сол зиндонӣ карданд..

Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба 12 сол зиндон маҳкум шуд....

Комментарии (0)