Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Чин ба Тоҷикистон "таҷҳизоти зиддитеррористӣ" медиҳад

Чин ба Тоҷикистон "таҷҳизоти зиддитеррористӣ" медиҳад

Чин ба Тоҷикистон таҷҳизоти зиддитеррористӣ медиҳад. Бар асоси тафоҳумнома миёни ду кишвар, ки Радиои Озодӣ 20-уми май бо он шинос шуд, ин кӯмакҳо бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба кишвар дода мешаванд.

Дар санад омадааст, Чин ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон "як миқдор таҷҳизоти зиддитеррористӣ, аз ҷумла 34 таҷҳизоти разведкавӣ, мавод ва лавозимоти полисро пешниҳод кунад".

Арзиши ин таҷҳизот 52 миллион юан ё 7,6 миллион долларро ташкил медиҳад ва ройгон ба Тоҷикистон дода мешаванд. Дар санад омадааст, ки Чин ҳамчунин ҳашт мутахассисро барои насбу танзими ин таҷҳизот ба Тоҷикистон мефиристад ва онҳо 45 рӯз дар кишвар хоҳанд монд.

Тоҷикистон аз таҷҳизоти мазкур боҷи гумрукӣ ва андоз намеситонад ва хароҷоти минбаъдаи нигаҳдории дастгоҳҳоро ба ӯҳда мегирад. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ӯҳдадор шудаанд, ки барои мутахассисони чинӣ шароити корӣ фароҳам ва амнияти онҳоро таъмин мекунанд.

Ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мавзуи нав нест. Дар тирамоҳи соли 2021 порлумони Тоҷикистон аз нияти Чин барои таъсиси як қарогоҳи низомии 10-миллиондолларӣ барои нерӯҳои қудратии Тоҷикистон дар водии Вахон хабар дода буд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, он замон дар ҷаласаи порлумон гуфт, бинои нав махсус барои гуруҳи зудамал (ОМОН), ки тобеи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил мебошад, сохта мешавад.

Чин ҳамчунин қарздиҳандаи калонтарини Тоҷикистон буда, тақрибан сеяки қарзи берунаи Тоҷикистон ба ин кишвар рабт дорад. Дар ҷараёни сафири ахири президенти Эмомалӣ Раҳмон ба Чин миёни ду кишвар даҳҳо санади нав имзо шуд.

Ба ҳайси шарики тиҷоратии азимтарини Тоҷикистон, аз чор як қисмати муомилаҳои берунии Тоҷикистон ҳам ба Чин марбут аст. Сармоягузориҳои ҳангуфти Чин нигарониҳоро дар бораи вобастагии Душанбе аз Пекин бештар кардааст.

Одамкушӣ

Одамкушӣ..

Одамкушӣ...

Дар Батман раиси бахши ноҳиявии ҳизби ҳокими Туркия кушта шуд

Дар Батман раиси бахши ноҳиявии ҳизби ҳокими Туркия кушта шуд..

Се нафар, аз ҷумла роҳбари ячейкаи маҳаллии ҳизби ҳокими Туркия, дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба...

Кореяи ҷанубӣ тасмим гирифт, ки 500 ҳазор оператори дронро омода кунад

Кореяи ҷанубӣ тасмим гирифт, ки 500 ҳазор оператори дронро омода кунад..

Вазорати мудофиаи Кореяи Ҷанубӣ нақшаҳои зиед кардани имкониятҳо дар соҳаи бесарнишин ва мубориза бо...

Дар Калифорния мард ба полис тир кушод

Дар Калифорния мард ба полис тир кушод..

Ин мард ба полис тир холӣ карда, дар хонаи шаҳри глендейли калифорния банд шуда, полис амалиети...

"Ҳамла ба пойгоҳи Ҳавоии Сурия як иқдоми хатарнокест, Ки Исроилро ба ҷанг бо Туркия наздик мекунад"

"Ҳамла ба пойгоҳи Ҳавоии Сурия як иқдоми хатарнокест, Ки..

Ҳамла ба пойгоҳи Ҳавоии Сурия қадами хатарнокест, Ки Исроилро ба ҷанг бо Туркия наздик мекунад. Дар ин...

Дар шӯриши зиндони Мексика ҳадди ақал 10 нафар кушта шуданд.

Дар шӯриши зиндони Мексика ҳадди ақал 10 нафар кушта шуданд...

Боз 16 нафар дар дараҷаҳои гуногун ҷароҳат бардоштанд....

Комментарии (0)