Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Муҳокимаи Тошиев ва ҳамроҳонаш дар Қирғизистон оғоз шудааст

Муҳокимаи Тошиев ва ҳамроҳонаш дар Қирғизистон оғоз шудааст

Дар Қирғизистон баррасии муқаддамотии парвандаи талош барои табаддулоти давлатӣ оғоз шуд, ки яке аз муттаҳамони асосӣ ба он Қамчибек Тошиев, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст. Ӯ аз ҷумла, ба омодагӣ барои ғасби қудрат ва сӯиистифода аз мақоми хидматӣ муттаҳам мешавад.

Дар Қирғизистон баррасии муқаддамотии парвандаи талош барои табаддулоти давлатӣ оғоз шуд, ки яке аз муттаҳамони асосӣ ба он Қамчибек Тошиев, раиси собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст. Ӯ аз ҷумла, ба омодагӣ барои ғасби қудрат ва сӯиистифода аз мақоми хидматӣ муттаҳам мешавад.

Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҳамроҳ бо Тошиев дар ин парванда номи ҳафт нафари дигар, аз ҷумла Қурмонқул Зулушев додситони кулли собиқ ва Нурланбек Тургунбекулу раиси собиқи порлумони Қирғизистон ҳаст.

Парвандаи ҷиноӣ мӯҳри махфӣ дорад ва муҳокима бидуни ҳузури хабарнигорон сурат мегирад. Қамчибек Тошиев, дӯсти наздики раиси ҷумҳур Содир Ҷабборовро, ки аз соли 2020 раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар Қирғизистон буд, худи Ҷабборов рӯзи 10-уми феврал аз мақомаш барканор кард.

Номи Қамчибек Тошиев дар Тоҷикистон низ ошност, зеро ӯро яке аз дастандаркорони асосии муноқишаҳои хунини байни Қирғизистону Тоҷикистон медонанд, ки сари тақсими манотиқи баҳсбарангези марзӣ сурат гирифта буд.

Пеш аз барканории Тошиев дар моҳи феврал, иддае аз фаъолони маданӣ ва мансабдорони қирғиз бо нашри як муроҷиатномае хостори баргузории интихоботи зудраси президентӣ дар Қирғизистон шуданд. Санадро 75 нафар имзо карданд ва панҷ тани онҳоро баъд аз чанде мақомоти интизомӣ дастгир карданд.

Содир Ҷабборов он замон, гуфт, Қамчибек Тошиевро бинобар зарурати таҳкими ваҳдати давлатӣ ва ҷилавгирӣ аз тафриқаандозӣ дар ҷомеа аз мақомаш сабукдӯш кардааст. Чанде пас аз барканории Ташиев, дар ҳукумати Қирғизистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Раҳбарони Вазорати ҳолатҳои фавқулода, Вазорати ҳифзи муҳити зист, Вазорати нақлиёт, Вазорати тандурустӣ ва муовини раиси девони вазирон аз мақомҳои худ маҳрум шуданд. Раиси порлумон ҳам аз вазифааш рафт.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар ин замина бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳои оммавӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тамоми 75 нафареро, ки зери муроҷиатнома бо даъвати интихоботи нав имзо карда буданд, ба бозпурсӣ хонданд ва панҷ нафарашонро ҳам боздошт карданд.

Путин дастур дод ки созишномаҳо бо Қазоқистон Ва Узбекистон оид ба таъминоти ҳарбӣ тағир дода шаванд

Путин дастур дод ки созишномаҳо бо Қазоқистон Ва Узбекистон оид ба..

Президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумат супориш дод, ки бо Қазоқистон ва Узбекистон дар бораи ворид...

Тарсу Ҳарос, Эрон: Литва барои ҳамроҳ шудан ба амалиети Има Дар Ормузско омодагӣ мебинад

Тарсу Ҳарос, Эрон: Литва барои ҳамроҳ шудан ба амалиети Има Дар..

Шӯрои давлатии Мудофиаи Литва ба амалиети ИМА дар Ағбаи Ормуз ҳамроҳ шуданро тасдиқ кард. ДАР ИН бора...

Олмон, Лаҳистон ва Чехия дастгирии гурезаҳои украинаро коҳиш доданд

Олмон, Лаҳистон ва Чехия дастгирии гурезаҳои украинаро коҳиш доданд..

Бештари гурезаҳои украинӣ дар Олмон зиндагӣ мекунанд. Кишварҳои Ғарб, ки шумораи зиеди гурезаҳои...

Трамп дар лаҳзаи охирин рӯзномаи гуфтушунид бо Чинро иваз кард-амрикоӣ

Трамп дар лаҳзаи охирин рӯзномаи гуфтушунид бо Чинро иваз кард-амрикоӣ..

Сафари бесарусомонӣ Ба Чин: ҳайати амрикоӣ дар лаҳзаи охирин рӯзномаи гуфтушунидҳоро бо Поднебесная...

Кӯмаки Низомии Амрико ба Украина дар замони Трамп панҷ маротиба коҳиш ефт

Кӯмаки Низомии Амрико ба Украина дар замони Трамп панҷ маротиба коҳиш..

Пас аз тағйири қудрат дар кохи Сафед, интиқоли нав аз арсеналҳои амрикоӣ қатъ карда шуд. Интиқоли...

Азизӣ, як мансабдори эронӣ: Киев бояд нархи ҳамла ба Теҳронро бидонад

Азизӣ, як мансабдори эронӣ: Киев бояд нархи ҳамла ба Теҳронро бидонад..

Теҳрон ҳамеша ба чунин амалҳо посух медиҳад....

Комментарии (0)