Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Мақомоти ИМА тирандозӣ дар меҳмонхонаро сӯиқасд ба Трамп номиданд

Мақомоти ИМА тирандозӣ дар меҳмонхонаро сӯиқасд ба Трамп номиданд

Фарде, ки рӯзи 27-уми апрел ба зиёфати солонаи хабарнигорони Кохи Сафед ҳамла кард, ба сӯиқасд ба ҷони президент Доналд Трамп айбдор шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти ИМА, Коул Томас Аллен, сокини шаҳри Торранси аёлати Калифорния қасди куштани Доналд Трампро дошт.

Коул Томас Аллени 31-сола, ки парвандааш дар додгоҳи федероли Вашингтон баррасӣ мешавад, эҳтимол ба нигаҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон низ айбдор шавад.

Ҷанин Пирро, додситони ҳавзаи Колумбия гуфт, ки таҳқиқ идома дорад ва шояд айбҳои дигаре низ илова шаванд. Ӯ гуфт, ҳадафи аслии гумонбар куштани президенти ИМА ва мансабдорони дигари баландпоя будааст.

Аллен, сокини Калифорния дар паёме ба наздиконаш пеш аз ҳодиса навишта будааст, ки мансабдорони маъмурияти Трампро ҳадаф қарор хоҳад дод.

Ӯ то ҳол ба ин иттиҳомоти алайҳаш эълоншуда посух надодааст.

Наворҳои видеоӣ дар интернет нишон медиҳанд, ки гумонбар дар даҳлези берун аз толори меҳмонхонаи "Вашингтон Ҳилтон" медавад. Дар дасти ӯ силоҳ дида мешавад.

Мақомоти Амрико гуфтаанд, ки як афсари Хадамоти махсус дар ин ҳангом ба сӯи Аллен тир холӣ кардааст. Тир ба ӯ нарасида, вале ӯ ба замин афтодааст. Дар ин миён як афсари Хадамоти махсус захмӣ шудааст, вале маълум нест, ки тир аз ҷониби кӣ ба сӯи ӯ паронда шудааст.

Хабари вуруди фарди силоҳдор ба меҳмонсаро боис шуд, ки мақомдорони баландпоя зери миз пинҳон шаванд. Нерӯҳои вижа фавран онҳоро аз толор берун бурданд.

Каролин Левитт, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки ин дуюмин сӯиқасд ба ҷони президент дар ду соли ахир аст.

Лаҳзаи ҳодиса дар канори Трамп, ноиби президент Ҷей Дӣ Вэнс, раиси Маҷлиси намояндагон Майк Ҷонсон, вазири корҳои хориҷии ИМА Марко Рубио, вазири молия Скотт Бессент ва вазири мудофиа Пит Ҳегсет низ ҳузур доштанд.

Аллен бо қатор аз Калифорния ба Вашингтон омада, дар меҳмонхонаи "Вашингтон Ҳилтон", ки зиёфат дар он ҷо баргузор мешуд, аз пеш ҳуҷра гирифта будааст.

Мақомот мегӯянд, Аллен, ки дар дохили меҳмонхона боздошт шуд, бо худ як таппонча, як милтиқи шикорӣ ва чанд корд дошт.

Дар Қирғизистон сӯзондани ҷасадҳои мурдагон манъ карда шуд. Қонунро Садир Жапаров имзо кардааст

Дар Қирғизистон сӯзондани ҷасадҳои мурдагон манъ карда шуд. Қонунро..

Президент Садир Жапаров қонунро дар бораи ворид кардани тағйирот ба қонун "дар бораи дафн ва...

Дар Канада ҳавопаймои иктишофии ҳавоӣ бо одамони дар дохили Он буда суқут кард

Дар Канада ҳавопаймои иктишофии ҳавоӣ бо одамони дар дохили Он буда..

ДАР минтақаи Шаҳри форт Симпсони канада ҳавопаймои иктишофии Bird Dog бо се нафар дар дохили он, КИ дар...

Даҳҳо ҳазор нафар аз сабаби сӯхторҳои ҷангал ДАР ҒАРБИ ИМА эвакуатсия карда шуданд

Даҳҳо ҳазор нафар аз сабаби сӯхторҳои ҷангал ДАР ҒАРБИ ИМА эвакуатсия..

Вазъияти хатарноктарин Дар Вашингтон буд, ки дар он зиеда аз 600 бино осеб дидааст....

Сарвазири Финляндия дар бораи таҳдидҳои Трамп изҳори назар кард

Сарвазири Финляндия дар бораи таҳдидҳои Трамп изҳори назар кард..

Президенти Има Доналд Трамп ба риторикаи хашмгин одат кардааст, аммо таҳдидҳои Ӯ БАРОИ ХОРИҶ кардани...

Эрон БА ИМА пешниҳод кард ки дар се марҳила гуфтушунид кунад

Эрон БА ИМА пешниҳод кард ки дар се марҳила гуфтушунид кунад..

Эрон ба ИМА тавассути миенаравҳо формулаи се марҳилаи гуфтушунидро додааст, мегӯяд шабакаи Телевизионии...

Беш аз 20 кушта дар ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба Украина

Беш аз 20 кушта дар ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба Украина..

Дар пайи ҳамлаи Русия ба шаҳри Запорожеи Украина 12 нафар ҳалок шудаанд. Волии вилоят ҳамчунин аз захмӣ...

Комментарии (0)