Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аз рушди интиқолоти ҳавоии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба иҷрои хатсайрҳои мунтазами дохилӣ иттилоъ медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аз рушди интиқолоти ҳавоии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба иҷрои хатсайрҳои мунтазами дохилӣ иттилоъ медиҳад.
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines аз рушди интиқолоти ҳавоии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба иҷрои хатсайрҳои мунтазами дохилӣ иттилоъ медиҳад. Хатсайрҳои нави ҳавоӣ пойтахти кишварро бо чаҳор шаҳри Тоҷикистон – Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб пайваст хоҳанд кард. Хатсайрҳои нави Душанбе – Хоруғ – Душанбе, Душанбе – Хуҷанд – Душанбе, Душанбе – Бохтар – Душанбе ва Душанбе – Кӯлоб – Душанбе гардишгарии дохилиро боз ҳам қулайтар намуда, барои сокинон ва мусофирону сайёҳони хориҷӣ имкониятҳои бештар фароҳам меоранд. Иҷроиши парвозҳо тавассути ҳавопаймои L410 NG, ки 19 ҷойи мусофирнишин дорад, ба нақша гирифта шудааст. Мавриди зикр аст, парвозҳо дар сурати мусоид будани вазъи боду ҳаво амалӣ мегарданд.
Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор, водиҳои сабзу зебо, шаҳрҳои бостониву муосир буда, ҳар як минтақаи он таърих, фарҳанг ва иқтидору имкониятҳои хоси худро дорад. Рушди парвозҳои дохилӣ масофаи байни минтақаҳоро кӯтоҳ ва сафарҳоро зудтару роҳаттар мегардонад. Роҳандозии парвозҳо ҷиҳати дастрасии нақлиётии минтақаҳо, таҳкими равобити байни пойтахту вилоятҳо, ҳамчунин фароҳамоварии имкониятҳои бештар барои рушди сайёҳати дохилӣ мусоидат менамояд. Иқдоми мазкур дар соли таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса касб намуда, аз талошҳои минбаъдаи муттасил баҳри нумуви инфрасохтори нақлиётии кишвар ва ҳамбастагии шаҳру навоҳии он шаҳодат медиҳад.
Яке аз марҳилаҳои муҳими рушди Shohin Airlines қабули ҳавопаймои нави L410 NG гардид, ки “Badakhshon” номгузорӣ шуда санаи 2-юми октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе муаррифӣ шуд. Ҳавопаймо аз ҷониби ширкати чехии LET Aircraft Industries истеҳсол шудааст, ки ба тарҳрезӣ ва истеҳсоли техникаи авиатсионӣ ихтисос ёфтааст. Ҳавопаймои L410 NG барои ҳамлу нақли ҳавоии минтақавӣ пешбинӣ шуда, бо хусусиятҳои техникию истифодабарии худ барои иҷрои парвозҳо дар масири кӯтоҳ, ҳамзамон дар шароити релйефи мураккаби маҳал ва иқлими гуногун мувофиқ мебошад.
“Барои Shohin Airlines рушди интиқолоти ҳавоии дохилӣ танҳо иҷрои парвозҳо нест, балки саҳмгузорӣ дар таҳкими робитаҳо байни минтақаҳо, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои аҳолӣ ва пешравии минбаъдаи кишвари мост. Мо мехоҳем, ки гардишгарии байни шаҳрҳои Тоҷикистон мусоид ва осонтару зудтар гардад. То ин ки сафарҳои корӣ вақти зиёдро нагиранд, сайёҳон тавонанд барои худ гӯшаҳои нави Тоҷикистонро кашф намоянд ва сокинони минтақаҳо барои сайру сайёҳат имкониятҳои бештаре дошта бошанд. Итминон дорем, ки хатсайрҳои нав ба пулҳои воқеии ҳавоӣ табдил ёфта, шаҳрҳову одамонро бо ҳам мепайванданд», - қайд менамояд Директори генералии Shohin Airlines Зафар Аҳмадзода.
Shohin Airlines фаъолияти худро дар самти рушди интиқолоти ҳавоии дохилӣ идома дода, азм дорад дар таъмини дастрасии нақлиётӣ ва ташаккули низоми муосири ҳамлу нақли ҳавоии минтақавӣ дар Тоҷикистон саҳмгузор бошад. Маълумот дар бораи санаи шурӯи парвозҳо, ҷадвали иҷроиш, арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва тартиби хариди онҳо иловатан интишор меёбад. Барои гирифтани маълумоти бештар мусофирон метавонанд бо рақами 44-640-77-77 тамос бигиранд.
Эмомали Раҳмон имзои тафоҳумномаи сулҳро ба Трамп ва Пизишкиён табрик гуфт

Эмомали Раҳмон имзои тафоҳумномаи сулҳро ба Трамп ва Пизишкиён табрик..

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имзои эъломияи тафоҳумномаи сулҳ байни Амрико ва Эронро, ки...

Ашуров Рустам, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба асъори миллию меъёрҳои ахлоқӣ дастгир карда шуд.

Ашуров Рустам, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷониби..

Ашуров Рустам, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи...

Тасвиби созишнома дар бораи таъсиси парки муштараки саноатии Тоҷикистону Русия

Тасвиби созишнома дар бораи таъсиси парки муштараки саноатии..

Созишномаи сармоягузорӣ дар бораи таъсиси парки муштараки саноатии Русия ва Тоҷикистон, ки қарор аз дар...

Риояи қоидаҳои санитарию экологӣ ҳангоми анҷом додани корҳои сохтмонӣ ҳатмӣ ба ҳисоб меравад.

Риояи қоидаҳои санитарию экологӣ ҳангоми анҷом додани корҳои сохтмонӣ..

Риояи қоидаҳои санитарию экологӣ ҳангоми анҷом додани корҳои сохтмонӣ ҳатмӣ ба ҳисоб меравад....

Курьер суруди солинавӣ мехонд, ки кӯдакро дар фургон мекушт

Курьер суруди солинавӣ мехонд, ки кӯдакро дар фургон мекушт..

Дар камера дар фургон дақиқаҳои охири ҳаети духтар сабт шудааст....

Мураббии Португалия фаҳмонд, ки Чаро Роналду бе иваз бозӣ мекунад

Мураббии Португалия фаҳмонд, ки Чаро Роналду бе иваз бозӣ мекунад..

Сармураббии Мунтахаби Португалия Роберто Мартинес ба саволи он ҷавоб дод, ки Чаро Криштиану Роналдуи...

Комментарии (0)