Президент Раҳмон: подшоҳи Урдунро ба Тоҷикистон даъват кард...
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидаастДар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд муайян карда шуд, ки ноболиғ Р.А., соли таваллудаш 2011, сокини шаҳри мазкур дар манзили истиқоматиашон бо писарамакаш Расулов Акмалҷон, соли таваллудаш 1998 муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қафаси синаи Расулов Акмалҷон зарба задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ноболиғ Р.А., бо моддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















