Воқеаҳои муҳими ҷаҳон:

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РӮЗИ ПУЛИС КАДОМ ИНШООТРО БОЗ КАРД ВА ДАР МУЛОҚОТ БО МИЛИСАҲО ЧӢ ГУФТ?

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РӮЗИ ПУЛИС КАДОМ ИНШООТРО БОЗ КАРД ВА ДАР МУЛОҚОТ БО МИЛИСАҲО ЧӢ ГУФТ?
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РӮЗИ ПУЛИС КАДОМ ИНШООТРО БОЗ КАРД ВА ДАР МУЛОҚОТ БО МИЛИСАҲО ЧӢ ГУФТ?
Аз ҷумла литсейи “Дурахшандагон”-и ВКД барои 640 донишомӯз ва 8 иншооти гуногун ба истифода дода шуд.
--
Имрӯз, 10-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур литсейи “Дурахшандагон”-и Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-ро ифтитоҳ ва дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи пулиси тоҷик суханронӣ кардааст. Ҳамзамон, 8 иншооти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳо тариқи фосилавӣ ба истифода дод.
Тибқи иттилои расмӣ, литсейи “Дурахшандагон”-и ВКД 28 синфхона, маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона, хобгоҳ барои 274 кас ва ду толори варзишӣ дошта, барои таҳсили 640 донишомӯз пешбинӣ шудааст.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур навишт, ки имсол дар ин мактаб бори аввал наврасон аз синфи 8-ум ба таҳсил фаро гирифта шуда, минбаъд қабули довталабон тариқи озмун ва супоридани имтиҳонҳои хаттӣ сурат мегирад
“Дар саҳни бино майдончаи сафороӣ ва лавҳаи хотиравӣ бунёд гардида, нимпайкараи намояндагони илму адаби тоҷик гузошта шудааст”,-навиштааст манбаъ.
Дар идома, ба муносибати Рӯзи пулиси тоҷик дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Хуҷанд, Файзобод, Панҷ ва Шаҳритуз 8 сохтмони гуногун тариқи фосилавӣ ба истифода дода шудааст.
Аз ҷумла маҷмӯи биноҳои истиқоматӣ барои кормандони ВКД, ки “бо мақсади беҳтар кардани шароити иҷтимоии онҳо” бунёд шудааст, ифтитоҳ гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, дар марҳилаи аввал се қисмати ин бино, ки дорои 80 манзили зист буд, ба истифода дода шуд.
Марҳилаи якуми осоишгоҳи ВКД дар шаҳри Норак, сохтмони дигаре аст, ки “ҷиҳати фароҳам овардани шароити хидматрасонӣ, истироҳат ва беҳдошти саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо” сохта шудааст.
“Осоишгоҳ дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари диёр, дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва муҳити табиӣ барои ташкили истироҳату солимгардонӣ имкониятҳои хуб дорад”,-навиштааст хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон бинои нави қисми 42-юми Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Панҷ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар ин ҷо барои 40 корманди қисми оташнишонӣ шароити корӣ фароҳам оварда шудааст. Бино дорои ҳуҷраҳои хидматӣ, мошинсарои махсус барои нигоҳдории се нақлиёти оташнишонӣ будааст.
Бинои дидбонгоҳи тобеи қисми 62-юми Хадамоти давлатии оташнишонии деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод низ ифтитоҳ шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дидбонгоҳ дорои 4 ҳуҷраи корӣ ва таълимӣ барои 20 кас, хобгоҳ, ошхона, мошинсарой ва дигар шароити зарурӣ будааст.
Ҳамчунин тариқи фосилавӣ ба раисҷумҳур кори нақлиёти оташнишонии тамғаи “ХОВО”, ки аз сӯйи корхонаи васлу насби нақлиёти оташнишонии сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД истеҳсол шудааст, нишон додаанд.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур навишт, ки васлу насби ин техника дар дохили кишвар имкон медиҳад, ки хариди нақлиёти гаронарзиши хориҷӣ кам ва ҷузъу томҳои сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ саривақт бо техникаи муосири ватанӣ таъмин шаванд.
Дар ин рӯз, бинои нави шуъбачаи милитсияи шаҳраки Соҳили рости шаҳри Хуҷанд низ ба кор оғоз кардааст.
Ба навиштаи манбаъ, шуъба дорои 30 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис, китобхона, ошхона, ҳуҷраҳои хобу истироҳат ва дигар иншооти ёрирасон будааст. Ҳамчунин бинои маъмурии шуъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Шаҳритус ифтитоҳ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи пулиси тоҷик аз ҷумла гуфт, ки ҳар як шаҳрванд дар симои корманди пулис намояндаи қонун ва ҳомии ҳуқуқҳои худро мебинад.
“Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки эҳтироми халқ ба давлат аз муносибату муоширати хуби намояндагони давлат бо мардум оғоз меёбад. Аз ин рӯ, ҳар як корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод ба вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ, инчунин, садоқати худ сазовори боварии шаҳрвандон бошад”,-таъкид кардааст раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки роҳбарони мақомот ва сохторҳои онҳо вазифадоранд, ки дар тарбияи кадрҳои ҷавон, риояи қатъии интизоми хидматӣ ва одобу фарҳанги муносибат бо шаҳрвандон тадбирҳои доимӣ андешанд.
“Ғамхорӣ ба оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифаҳои хидматӣ ба ҳалокат расидаанд, вазифаи давлат ва сохторҳои марбута мебошад”,-таъкид кардааст раисҷумҳур.
Раисҷумҳур ба зарурати таъминоти онҳо бо кадрҳои баландихтисос таъкид карда, гуфтааст, ки дар баробари Академияи ВКД, факултети фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ, Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи оташнишонӣ – техникӣ дар ноҳияи Данғара таъсис ёфтааст.
“Бовар дорам, ки хатмкунандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла литсейи навтаъсис дар оянда барои таҳкими волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ содиқона хидмат мекунанд”,-иброз доштааст ӯ.
Ӯ бо ишора ба вазъи сиёсиву амниятии ҷаҳони муосир гуфтааст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд зираку ҳушёр ва омода бошанд ва “ҳамзамон нисбат ба беинтизомӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, муносибати дағалона бо шаҳрвандон ва ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ бояд оштинопазир бошанд”.
Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида мешаванд

Дар Фаронса ниқобҳои тиббӣ аз тарси хантавирус ба таври оммавӣ харида..

Фаронсавӣ аз тарси паҳншавии хантавирус ба дорухонаҳо барои харидани ниқобҳои тиббӣ шитофтанд, хабар...

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона дар Вашингтон як корманди полис захмӣ шуд

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона дар Вашингтон як корманди полис захмӣ..

Полис ду марди сиеҳпӯстро бо гумони ҳамла ҷустуҷӯ мекунад Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона дар ПОЙТАХТИ...

Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Кишваров Кишвар, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Кишваров Кишвар,..

Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Кишваров Кишвар, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе,...

Занро сар буриданд ва дар халта ба партовгоҳ партофтанд

Занро сар буриданд ва дар халта ба партовгоҳ партофтанд..

Шахсияти фавтида ҳанӯз муайян нашудааст. Ҷасади зани сарнагуншударо дар халта дар партовгоҳи Нигерия...

Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ баҳрии худро омода мекунад

Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ..

Қазоқистон ҷалби худро ба ҷанги эрон истисно намекунад ва НЕРӮҲОИ баҳрии худро омода мекунад Қазоқистон...

Эрон таҳдид мекунад, ки иншооти нафту гази кишварҳоро, ки ба Иелотҳо барои ҳамла ба ҷазираи Харк пойгоҳ медиҳанд, нобуд мекунад

Эрон таҳдид мекунад, ки иншооти нафту гази кишварҳоро, ки ба Иелотҳо..

В случае атаки на остров Харк все нефтяные и газовые объекты страны, с чьей территории будет нападение,...

Комментарии (0)