DataLife Engine / Марги чор нафар дар пайи садамаҳои ду рӯзи гузашта

Марги чор нафар дар пайи садамаҳои ду рӯзи гузашта

Марги чор нафар дар пайи садамаҳои ду рӯзи гузашта
Дар пайи ду садама, ки рӯзҳои 14 ва 15-уми март дар ноҳияҳои Рӯшон ва Данғара рух додаанд, чор нафар ҷон бохтааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, дар садамаи аввал рӯзи 14-уми март як мошини “Хундай-Галопер” аз роҳ берун шуда, ба чуқурии тахминан 75 метр афтодааст. Ронандаи он Акбар Қурбонов, сокини 51-солаи Рӯшон буда, аз деҳаи Басид ба деҳаи Разучи ин ноҳия ҳаракат мекардааст.
Дар ин ҳодиса ду мусофири ин мошин – Эмомгул Маҷнунови 70-сола ва Асрор Мастонови 44-сола, ки сокинони Рӯшон будаанд, дар ҷойи воқеа ҷон бохтаанд. Ронанда ва як мусофири дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар шифохона бистарӣ шудаанд.
Дар садамаи дуюм, ки рӯзи 15-уми март дар ҳудуди деҳаи Лоҳури ноҳияи Данғара иттифоқ афтодааст, як мошини “Ваз 21 113” ба худрави барқии “Волсваген ID6” бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мошини “Ваз 21 113” - Эмомалӣ Одинаев, сокини 30-солаи ноҳияи Данғара ва Ҳидоят Абдухолиқова, мусофири 51-сола мошини “Волсваген” ва сокини ноҳияи Кӯшониён дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд.
Тафсилоти дигари ин ду ҳодиса маълум нест. Мақомот гуфтаанд, ки таштишот идома дорад.
Сегодня, 15:24
Вернуться назад