DataLife Engine / Дар Душанбе бо ширкати беш аз 30 нашриёти ватаниву хориҷӣ намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад Кай ва дар куҷо, дар ин хабари мо хонед:

Дар Душанбе бо ширкати беш аз 30 нашриёти ватаниву хориҷӣ намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад Кай ва дар куҷо, дар ин хабари мо хонед:

Дар Душанбе бо ширкати беш аз 30 нашриёти ватаниву хориҷӣ намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад
Кай ва дар куҷо, дар ин хабари мо хонед:
Аз 22 –юм то 24-ум октябри соли 2026 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор мегардад. Ба иттилои расмӣ, дар намоишгоҳ, беш аз 30 нашриёти ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.
Вазорати фарҳанг мегӯяд, ҳадафи намоишгоҳ, “рушди соҳаи табъу нашр, тарғиби фарҳанги китобхонӣ, муаррифии дастовардҳои ноширони ватаниву хориҷӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои касбӣ миёни намояндагони соҳаи нашри китоб мебошад”.
“Баргузории ин чорабинии муҳими фарҳангӣ ба рушди соҳаи табъу нашр, дастгирии ноширони ватанӣ, ҷалби бештари ҷомеа ба китобхонӣ, таҳкими робитаҳои адабию фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард”, – гуфтааст вазорат.
Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 09:00 то 17:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар доираи намоишгоҳи байналмилалӣ барномаи фарҳангӣ ва маърифатии гуногун пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, рӯзи 22-юми октябр маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ ва ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи “Фарҳанги тарғиби китобхонӣ дар шароити феълӣ” баргузор мешаванд.
Рӯзи 23-юми октябр дар мавзӯи “Арзишҳои инсонгароӣ дар адабиёти форсу тоҷик” мизи мудаввар баргузор шуда, муаррифии китобҳои тозанашр доир мегарданд. Ҳамчунин, рӯзи 24-уми октябр дар мавзӯи “Рушди адабиёти бачагона” мизи гирд, маросими пӯшидашавии намоишгоҳ ва супоридани дипломҳо ба иштирокдорон баргузор мешаванд.
“Дар давоми се рӯзи баргузории намоишгоҳ иштирокчиён ва меҳмонон имкон пайдо мекунанд, ки бо китобҳои тозанашр, маҳсулоти табъу нашр, дастовардҳои ноширони ватаниву хориҷӣ ва намунаҳои гуногуни адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ ва бачагона шинос шаванд”, – гуфтааст Вазорати фарҳанг.
Ин ниҳод, расонаҳо, аҳли илму адаб, ноширон, адибон ва тамоми дӯстдорони китобро барои иштирок ва инъикоси васеи 16-умин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” даъват кардаааст.
Бояд гуфт, намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” ба ҳукми анъана даромада, аз соли 2010 инҷониб ҳамасола дар кишвар баргузор мешавад. Соле пеш ин намоишгоҳ дар пойтахти кишвар аз 20 то 22-юми октябр доир гардида буд.
манба: asia+
Сегодня, 09:57
Вернуться назад