DataLife Engine / САВГАНДИ СОДИҚОНА БА ВАТАН — РИСОЛАТИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ХИЗМАТЧИИ ҲАРБӢ

САВГАНДИ СОДИҚОНА БА ВАТАН — РИСОЛАТИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ХИЗМАТЧИИ ҲАРБӢ

САВГАНДИ СОДИҚОНА БА ВАТАН — РИСОЛАТИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ХИЗМАТЧИИ ҲАРБӢ
Садоқат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва омодагӣ ба ҳимояи манфиатҳои давлату миллат аз арзишҳои муҳимми ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба шумор мераванд. Хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату матонат, интизому масъулиятшиносӣ ва тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ буда, дар ташаккули шахсияти ҷавон ва омода намудани ӯ ба иҷрои вазифаҳои пурмасъулият нақши муҳим дорад. Савганди ҳарбӣ бошад, ифодаи равшани садоқати хизматчии ҳарбӣ ба давлат, миллат ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз дар Майдони муқаддасоти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ, генерал-лейтенант Рауфзода Суҳроб Орзу, муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Пирзода Маҳмадсафар Қузратулло, инчунин ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсус, омӯзгорон ва курсантони факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуданд.
Маросими савгандёдкунӣ дар ҳаёти ҳар як наваскар рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, оғози марҳалаи нави зиндагӣ ва қабули масъулияти ҷиддӣ дар назди давлату ҷомеа мебошад. Ҷавононе, ки ба сафи Қӯшунҳои дохилӣ пайвастаанд, бо қироати савганди ҳарбӣ садоқати худро ба Ватан изҳор намуда, уҳдадор гардиданд, ки талаботи қонунгузорӣ ва оинномаҳои ҳарбиро риоя карда, вазифаҳои хизматиро бо масъулият ва интизоми намунавӣ иҷро намоянд.
Савганди ҳарбӣ танҳо маросими расмӣ нест, балки аҳду паймони бошууронаи хизматчии ҳарбӣ дар назди халқу Ватан мебошад. Садоқат ба савганди ёдшуда аз ҳар як сарбоз матонат, ҳушёрӣ, интизом ва омодагии доимиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, савгандёдкунӣ барои наваскарон оғози роҳи пурмасъулиятест, ки дар ҷараёни он онҳо бояд донишҳои зарурии ҳарбиро аз худ намуда, малакаҳои касбӣ ва ҷисмонии худро такмил диҳанд ва ҳамчун муҳофизони боэътимоди давлату ҷомеа ба камол расанд.
Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани омодагии ҷангии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад. Дар ин раванд Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун яке аз сохторҳои низомии мамлакат дар иҷрои вазифаҳои ба зимма гузошташуда, таъмини амнияту субот ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ нақши муҳим доранд.
Хизмат дар сафи Қӯшунҳои дохилӣ аз ҷавонон на танҳо омодагии ҷисмониву ҳарбӣ, балки ҳисси баланди масъулият, тобоварӣ, риояи интизом ва эҳтиром ба ҳамхизматонро тақозо менамояд. Маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавонон аҳаммияти ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ, иҷрои дастаҷамъонаи вазифаҳо ва риояи талаботи оинномаҳои ҳарбиро амиқтар дарк мекунанд. Ин сифатҳо барои ташаккули шахсияти устувор ва омодагӣ ба иҷрои уҳдадориҳои минбаъдаи шаҳрвандӣ замина мегузоранд.
Иштироки роҳбарияти Қӯшунҳои дохилӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ин маросим аҳаммияти омодасозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тарбияи онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба давлату миллат таъкид менамояд. Ҳамкории сохторҳои дахлдор дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва омода намудани ҷавонон ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими амнияту суботи ҷомеа мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ, генерал-лейтенант Рауфзода Суҳроб Орзу, аз фурсат истифода намуда, ба падару модарони наваскарон муроҷиат кард, ки дар раванди мутобиқшавии фарзандонашон ба шароити хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти минбаъдаи онҳо дар сафи Қӯшунҳои дохилӣ бо командирон ҳамкории зич дошта бошанд. Таъкид гардид, ки ҳамкории мутақобилаи оила ва роҳбарияти қисми ҳарбӣ, дастгирии маънавии сарбозон ва таваҷҷуҳ ба ҳолати рӯҳию равонии онҳо барои мутобиқшавии ҳарчи зудтари наваскарон ба муҳити низомӣ ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, робитаи мунтазами падару модарон бо командирон имкон медиҳад, ки масъалаҳои вобаста ба хизмат сари вақт баррасӣ гардида, барои тарбияи ҳарбӣ ва ташаккули масъулиятшиносии сарбозон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Наваскароне, ки савганди ҳарбӣ ёд карданд, минбаъд бояд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида, роҳнамоии афсарони ботаҷриба ва омӯзиши пайваста донишҳои зарурии ҳарбиро аз худ намоянд. Аз ҳар яки онҳо интизор меравад, ки бо рафтори намунавӣ, интизоми қатъӣ ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ сазовори эътимоди роҳбарият, ҳамхизматон ва наздикони худ бошанд.
Маросими савгандёдкунӣ на танҳо барои наваскарон, балки барои падару модарон ва тамоми иштирокдорон низ рӯйдоди хотирмон ба шумор меравад. Ин лаҳза масъулияти муштараки оила ва сохторҳои ҳарбиро дар тарбияи ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва омода намудани онҳо ба хизмати содиқона ба давлату миллат бори дигар таъкид менамояд.
Хизмат ба Ватан шараф аст, садоқат ба савганди ҳарбӣ бошад, нишонаи матонат, масъулият ва ватандӯстии ҳар як хизматчии ҳарбӣ мебошад.
Сегодня, 09:51
Вернуться назад