ТАСС бо истинод ба нашрияи "Общественное" хабар дод, ки пулис дар вилояти Кировогради Украина марди мусаллаҳеро боздошт кард, ки ҳангоми амалиёти махсус дар Елизаветград ба кормандони пулис ҳамла карда буд.
Ҷузъиёти бештар дода нашудааст.
Рӯзи душанбе, як мард дар Елизаветград ҳангоми баҳс ба сӯи кормандони пулис норинҷак партофт ва сипас бо силоҳи автоматӣ оташ кушод. Амалиёти махсуси пулис бо номи "Раъду барқ" оғоз шуд; дар бораи талафот ё захмӣ хабар дода нашудааст.