Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврал имзо карда буд, ки бар асоси он шаҳрвандони соли таваллудашон 1999 - 2008 даъват мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати баҳории наваскарон оғоз гардид.
Даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1999 - 2008 то охири моҳи ноябр идома хоҳад дошт, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, моҳҳои отябр-ноябри соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Бар асоси гузоришҳо, ВМКБ чун анъана аввал шуда нақшаи тирамоҳии даъват ба ртишро пурра анҷом додааст.
Ҳукумати вилоят эълон кард, ки сарбозгирӣ ба артишро 101% иҷро кардааст.
Ҳамзамон шаҳри Бӯстон дар Суғд, Бохтар дар Хатлон ва ноҳияи Тоҷикибод низ то нисфирӯзӣ нақшаро пур кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон усули даъват ба хидмати сарбозии алтернативӣ низ вуҷуд дорад.
Эмомалӣ Раҳмон дар авоили соли 2021, пас аз ризоияти парлумон Қонун "Дар бораи уҳдадории умумии низомӣ" дар таҳрири навро имзо кард, ки бар асоси он, ҷавонон акнун метавонанд пас аз пардохти маблағи муайян аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд.
Аз якуми сентябри соли 2023 арзиши хидмати пулакӣ дар артиши Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардид. Як нишондиҳанда дар тарҳи буҷа барои соли оянда 78 сомонӣ муқаррар шудааст.

Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, соли 2026 ҳудуди 58,5 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад, ки нисбат ба як соли қаблӣ 2,2 ҳазор сомонӣ боло рафтааст.
Болоравии ҳаққи хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ бо зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз аввали соли равон ба 78 сомонӣ баробар гардид.
Ҳамчунин, тибқи қонуни нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд, онҳо бояд як сол дар артиш хидмат кунанд.