DataLife Engine / Мақомот аз муҳоҷирон дар Русия хост дар чорабиниҳои ғайриқонунунӣ иштирок накунанд

Мақомот аз муҳоҷирон дар Русия хост дар чорабиниҳои ғайриқонунунӣ иштирок накунанд

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кард, ки аз иштирок дар чорабиниҳои ғайриқонунунӣ худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 11 сен – Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз муҳоҷироне, ки дар ҳудуди Русия кору фаъолият ва будубош доранд, ҳушдор додааст, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Русия маъракаи муҳими сиёсӣ баргузор мегардад.
Ба ҳамин хотир намояндагӣ аз муҳоҷирон хостааст, ки ҳар як шаҳрванд, масъулияти баланди шаҳрвандиро дар Русия тақозо намоянд.
Намояндагӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки аз иштирок дар чорабиниҳои ғайриқонунунӣ худдорӣ намоянд.
Мақомот аз муҳоҷирон хостааст, ки маълумотҳои муҳимро дар самти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, маҳдудиятҳои ҷорӣ аз сомонаҳои расмии давлатии кишвари иқомат мутолиа намуда, ба шахсони алоҳида ва гуруҳҳои манфиатҷу бовар накунанд.
Ҳамчунин Намояндагӣ ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки дар ҳудуди Русия ба фаъолияти қонунии худ идома диҳанд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот ва ё пайдо гардидани саволҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Сегодня, 17:04
Вернуться назад