Дар натиҷаи садамаи автобуси сайеҳӣ дар Шарқи Швейтсария панҷ нафар кушта ва 40 нафари дигар захмӣ шуданд.
Дар ин бора Рӯзномаи Independent бо истинод ба полиси кантони Граубюнден менависад.
Ҳодиса 10 сентябр рух дод. Ба гуфтаи полис, дар автобус 45 нафар калонсолон буданд. Мошин ба девор бархӯрд ва сипас чаппа шуд.
Ба ҷои ҳодиса якчанд мошини ерии таъҷилӣ ва панҷ чархбол фиристода шуданд. Ҷабрдидагонро ба беморхонаҳо бурданд. Шахсияти кушташудагон ҳанӯз муайян нашудааст.