DataLife Engine / Аз ордену нишон то рутбаҳои генералӣ: Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ мукофот дод

Аз ордену нишон то рутбаҳои генералӣ: Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ мукофот дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супорид
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супорид.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар, раҳбари Тоҷикистон мукофотҳои давлатиро дар маросими тантанавии супорид.
Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва як гуруҳ низомиён бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон, хизматчиёни низомӣ ва як гуруҳ собиқадорон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи I, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Бо фармони Президенти Тоҷикистон ба кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратура, Вазорати мудофиаи, Вазорати корҳои дохилии, Вазорати адлияи, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Кумитаи андоз, Хадамоти иҷро ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники адлия, рутбаи олии генерал-полковник, рутбаи олии навбатии генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар, рутбаи махсуси навбатии генерал-лейтенант, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 2, рутбаи олии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 3, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия, рутбаи олии ҳарбии генерал майор, рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи тахассусии навбатии мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 3, дода шуд.
Президенти Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуд.
Вчера, 15:48
Вернуться назад