Як коршиноси Созмони Милал гуфтааст, ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд аст, ҳамоно аз муҳоҷирати корӣ ва пули фиристодаи шаҳрвандон аз хориҷа вобаста аст.
Изҳороти Аттия Ворис, коршиноси мустақили Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ, рӯзи 31-уми август ва баъд аз поёни боздидаш аз Тоҷикистон нашр шуд.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд. Мақомот на шумораи муҳоҷирони кориро мегӯянд ва на пули фиристодаи онҳоро.
Аттия Ворис дар изҳороти худ гуфтааст, пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба беҳтар шудани зиндагии мардум ва коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон кумак кардааст, аммо ба қавли ӯ, “пулҳои интиқолӣ наметавонанд ҷойҳои кории муносиб, кофӣ ва самарбахшро дар дохили кишвар иваз кунанд.”
Биноан, коршиноси Созмони Милал пешниҳод кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон талоши худро ба рушди кишоварзӣ, коркарди маводи ғизоӣ, сайёҳӣ, захираҳои маъдан ва иқтисоди рақамӣ дар кишвар равона кунад, то мардум зиндагии хубу шоиста дошта бошанд.
Вай ҳамзамон ба шаффофият ва адолати бештар дар масъалаҳои молӣ ишора карда, гуфтааст, “мардум бояд ба маълумоти дақиқ ва саривақтӣ дар бораи буҷаи давлатӣ, хароҷот, қарз ва тарҳҳои бузурги сармоягузорӣ дастрасӣ дошта бошанд.”
Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 11-уми август дар гузориши солонааш пиромуни шаффофияти молӣ дар идораҳои давлатии 140 кишвар Тоҷикистонро дар радифи давлатҳое гузошт, ки ба талаботи ҳадди ақали шаффофияти молӣ ҷавобгӯ набуданд.
Набуди шаффофият яке аз мушкилотест, ки намегузорад, сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон биёянд ё онро кишвари олуда ба фасод ва номуносиб барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ медонанд.
Қарор аст, гузориши комили коршиноси Созмони Милал, Аттия Варис, дар бораи Тоҷикистон моҳи марти соли 2027 ба Шӯрои ҳуқуқи инсон пешниҳод шавад.
Манбаъ: радиои Озоди